Парлумон ба лоиҳаи қонунҳои марбут ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тағйирот ворид менамояд

Январь 22, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 22.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасмим дорад, ки ояндаи наздик  ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаҳои мазкур 22 январ зимни баргузории ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳои зикргардида ташаккули соҳаи варзиш, кафолати давлатии рушди оммавии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.       Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» минбаъд қоидаҳои таъмини амнияти мусобиқаҳои расмии варзишӣ, қоидаҳои рафтори мухлисон ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои расмии варзишӣ, стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ, тасдиқ ва муайян намудани  номгӯи чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбия ҷисмонӣ ва варзишро ба танзим медарорад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур  хусусияти таҳрирӣ  дорад.

Январь 22, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд