Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд

Ноябрь 21, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр ҳайати Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар доираи сафари худ ба Ҳертсогии Бузурги Люксембург бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти ин кишвар Клод Визелер мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Люксембург, инчунин роҳҳои густариши ҳамкории байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Изҳор гардид, ки Тоҷикистон Люксембургро шарики муҳими худ дар Аврупо арзёбӣ намуда, ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн манфиатдор аст. Дар ин замина, нақши дипломатияи байнипарлумонӣ дар таҳкими эътимоди мутақобила, наздиксозии мавқеъҳои ҷонибҳо ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ гардид.

Мусоҳибон масъалаҳои густариши муколамаи сиёсӣ, табодули таҷрибаи қонунгузорӣ ва такмили фаъолияти парламентӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самтҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, маориф, илм, фарҳанг, ҷавонон, сайёҳӣ ва варзишро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия, низомҳои муосири пардохт, технологияҳои молиявӣ, фондҳои сармоягузорӣ, технологияҳои блокчейн, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди инфрасохтори молиявии рақамӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар бахши иқтисодию тиҷоратӣ масъалаҳои тавсеаи робитаҳои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи сабз ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ бо Институти рушди ҷаҳонии сабз (GGGI) баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба тақвияти фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Люксембург ва истифодаи самараноки имкониятҳои он дар таҳкими робитаҳо, табодули таҷриба ва пешбурди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Клод Визелер ва ҳайати Палатаи вакилони Люксембург барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд оид ба оғози татбиқи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (2027–2036), ки моҳи майи соли 2027 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват карда шуданд.

Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи таърихии Ҳертсогии Бузурги Люксембург боздид намуда, бо таърих ва мероси фарҳангии ин кишвар шинос гардид.

 

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд