Рамазон Раҳимзода: «Танҳо бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва ташаббусҳои созанда метавонем ба натиҷаҳои назаррас муваффақ шавем»
ДУШАНБЕ, 24.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади ба мардум фаҳмонидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти мазкур ва ҷузъу томҳои он боздид ба амал овард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни сафари хизматӣ Вазири корҳои дохилӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кормандони милитсия суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дода, муҳтавои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо шарҳ дод.
Муҳтавои Паём васеъ буда, яке аз бахшҳои умдаи Паёми имсола Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 мебошад. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бостоншиносӣ зиёд буда, дар баробари ин сарзамини мо аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои баланду зебо, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад», гуфт Р.Раҳимзода.
Зикр шуд, ки ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ хоҳад гардид.
Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.
Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин зимни боздид аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳудуди ВМКБ, баланд бардоштани савияи касбии кормандони милитсия ва таҳкими робитаи онҳо бо аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






