РУШДИ САЙЁҲӢ БА ПЕШРАФТИ УСТУВОРИ КИШВАР ЗАМИНА ХОҲАД ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қиёмиддин Миралиён

Январь 4, 2018 10:52

ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити гуногунрангию пуртазоди муносибатҳо ва сиёсати ноустувори иқтисодии ҷаҳонӣ ҳар як кишвар дар сурате метавонад вобаста ба ташкили иқтисодиёти худ истодагарӣ ва ё муқовимат намояд, ки агар заминаҳо ё таҳкурсии устувори иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ дошта бошад.

Зимнан, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 аз қатори ҳамин заминаҳо ва воситаи расидан ба иқтисодиёти иҷтимоии устувор мебошад. Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) иброз намуданд, ки «сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Барои расидан ба ин нишондиҳанда — рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи муътамади иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ, албатта, зарур аст, ки аз аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳон, заминаҳои қонунгузорӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва табдирҳои зарурию имконпазир ва дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат бархурдор бошем.

  1. Аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳон

Сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар даҳсолаи охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун ва шаклу намудҳои фасеҳи хизматрасонӣ тадриҷан рушд ёфта истодааст. Имрӯз дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ ду соҳаи мустақили сайёҳӣ: байналмилалӣ ва дохилӣ бо низом ва сохторҳои махсуси худ амал менамоянд ва дар байни ҷомеа низ маъруфият пайдо кардаанд.

Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон сайёҳон (ташрифи байналмилалӣ) 4,6% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. ташриф расид ва даромади умумии он ба мамлакатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудуди 10% ММД ҷаҳониро ташкил медиҳад.

Самти иҷтимоии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ соҳаи сайёҳиро ҳамчун манбаъ ва воситаи афзалиятнок дар бахши шуғлнокии ҷомеа арзёбӣ менамояд. Дар ҷаҳон 9%-и ҷойҳои корӣ (аз 11 ҷой 1) ба соҳаи сайёҳӣ ба сифати шуғлҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин кору молрасонӣ рост меояд.

Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамсоядавлати мо, 60 млн. ҷойи корӣ шомили соҳаи сайёҳӣ мебошад, аз ин 73% ё 40 млн. ҷойи корӣ ба намуди сайёҳии дохилӣ рост меояд. Дар сатҳи ҷаҳон ҳамасола наздики 5 млрд. ташрифи сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ки 83%-и он (4 млрд. ташриф) сайёҳии дохилӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳамчун воситаи аёнии муаррифи фарҳанг ва тамаддун арзёбӣ гардида, шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи бевоситаи сайёҳонро ҷалб намудааст, ин молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакли савғотӣ, туҳфа, руқъа, фитта ва ғайра мебошанд. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон ба ин намуди кору истеҳсолот аксар вақт дар маҳалҳо оилаҳои ҳунармандӣ машғул мегарданд, чун маҳсулоти дастӣ бо назардошти сатҳу сифат маъруфияти хосро доро мебошад ва талаботи бозор низ ба истеҳсоли маҳсулоти мардумӣ зиёд аст. Зимнан, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият — рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар навбати худ он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва ба ин восита беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоии иқтисодии оилаҳо сабаб  гардад.

  1. Заминаҳои қонунгузорӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ

Заминаи қонунгузорӣ барои ҳар намуди амалиёт ва ё маҷмӯи муносибатҳо ҳамчун таҳкурсӣ, чаҳорчӯба ва ё роҳнамо, ки дар навбати худ асоси ташаккул ва рушди фаъолиятро ташкил медиҳад, арзёбӣ мегардад.

Дар Тоҷикистон заминаҳои қонунгузорӣ дар самти танзими муносибатҳо ва фароҳам овардани шароити инкишоф рӯз аз рӯз такмил ва рушд меёбад. Аз ҷумла, дар самти иҷтимоии иқтисодӣ, ки соҳаи сайёҳиро низ дар бар мегирад, солҳои охир имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳои зиёд роҳандозӣ шудаанд. Чунончи, бо мақсади рушди сайёҳӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ташаккул ёфта, тадбирҳои зерини дар шароити рушди давлат муҳим андешида шудаанд:

  1. Аз пардохтҳои андозу гумрукӣ озод гардидани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ;
  2. Аз пардохти андоз аз фоида озод гардидани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият;
  3. Ташаккул ёфтани низоми содакардашудаи раводид (шабакаи ягонаи электронӣ) барои шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон;
  4. Муқаррар гардидани беш 10 имтиёзи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ».

Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин давлатест, ки дар фазои ИДМ ба сайёҳии дохилӣ афзалият дода, бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартибот дар бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон Қонун «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»-ро қабул кардааст.

Боиси зикр аст, ки қонуни мазкур бо иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоту муассисаҳои илмию амалӣ бо назардошти таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалии давлатҳои пешрафта дар самти рушди сайёҳии дохилӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония ва ИМА, инчунин вазъият ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар давоми ду сол таҳия гардида, моҳи июли соли 2017 ба тасвиб расидааст.

Аҳамияти Қонуни мазкур дар он аст, ки дар доираи он беш аз 30 навоварӣ (ҳамчунин имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳо) ва механизмҳои муосири танзимкунандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиёт муқаррар гардидаанд, аз ҷумла, ташаккули низоми сайёҳии дохилӣ, рушди маданияти сайёҳии шаҳрвандон, устуворгардии иқтидори амалии давлат оид ба қабули сайёҳони хориҷӣ, ташкили инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ, муқаррар гардидани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва хизматрасониҳои муносиб, аз байн бурдани низоми иҷозатномадиҳӣ ба намуди фаъолияти сайёҳии дохилӣ, зимнан, ба роҳ мондани тарзи содаи баҳисобгирии он, ташаккули намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии хонаист, саёҳати нақлиётӣ, фароҳам гардидани шароити муосид барои иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ташкил гардидани намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра. Ҳамаи ин имкониятҳо дар навбати худ ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар дар шароити ҷомеаи муосир сабаб гардида, дар ибтидо ба таъсис ёфтани даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва дар сурати татбиқи босамар ба ташкил гардидани захираҳои хеле зиёди шуғлмандии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

  1. Тадбирҳои зарурӣ ва имконпазир, дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат

«Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст»,- иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳақиқат Тоҷикистон аз қатори мамлакатҳое мебошад, ки захираҳои зиёди сайёҳӣ, ба монанди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати ҳайратангез ва ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо ва сохтмонҳои наву муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд дошта, таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон — дӯстдорони сайру саёҳат ва шаҳрвандонро ҷалб кардааст. Захираҳои сайёҳии кишвар дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳон, балки барои шаҳрвандони мамлакат низ кашфношуда боқӣ мондаанд.

Аслан, миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат ва фарҳанг мебошад, бахусус наврасон ва ҷавонон дар роҳи пайдо кардани маълумоти беш аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба боздиди ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд.

Аммо шароит, имконият (захира) ва завқу рағбату хоҳиш дар айни замон тавъами якдигар нестанд, байни худ фосилаи зиёд доранд, ки маҳз ҳамин нуқта андешидани тадбирҳои судмандро тақозо мекунад. Яъне, имрӯз вақти он расидааст, ки захираҳои мавҷудаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама, ба истифодаи васеи шаҳрвандони ватанӣ, бо шароити фароҳам пешниҳод карда шаванд, то барои қабули сазовори меҳмонон (сайёҳони хориҷӣ) аҳли ҷомеа омода гардида, маданияти муносиби сайёҳиро (меҳмондории сатҳи байналмилалиро) аз худ кунад. Мисол, дар мамлакатҳои Чин, Корея ва Тайиланд аз 100 сайёҳ ҳамагӣ 20-30 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, боқимонда сайёҳони ватанӣ буда, пайваста ба омӯзиши таъриху фарҳанги худ машғул мебошанд, яъне онҳо ба маконҳои гуногуни кишварашон мунтазам сайру саёҳат мекунанд. Зимнан, маданияти сайёҳӣ- ин на танҳо доштани дониш оид ба рукнҳои ихтисосии сайёҳист, балки иттилоотнокию бархурдор будан аз фарҳанг, таърих, тамаддун, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои муосир, маконҳои сайёҳӣ, мавзеъҳои таърихии фарҳангӣ, ҷойҳои табобатӣ, истироҳатӣ, фароғатӣ ва ғайра мебошад.

Воқеан, агар аз як тараф барои рушди соҳаи сайёҳӣ, захира ва имкониятҳои сайёҳӣ шароити инфрасохторӣ зарур бошад, пас аз тарафи дигар нақши калидиро дар ин самт захираи инсонӣ — неруи зеҳнӣ дар шакли маданияти сайёҳӣ ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат амалӣ гардонидани тадбирҳои муайян, ки тақозои бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мебошанд, муҳим арзёбӣ мегардад.

Якум, иштироки дастаҷамъонаи сохторҳои ҷомеа, аз ҷумла, бахши хусусӣ (соҳибкорон) ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи босамари қонунгузории соҳаи сайёҳӣ — таҳияи лоиҳаҳо, нақшаҳои амал, хатсайрҳо, ташкили инфрасохтори сайёҳии хос ба намуди хизматрсонии худ ва ғайра, ки дар шароити ҷомеаи демократӣ дорои аҳамияти махсус мебошад.

Дуюм, ташвиқу таблиғи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳӣ бар асоси стандартҳои байналмилалӣ. Дар бозори сайёҳӣ, бо назардошти ҷолибият ва аҳамияти иқтисодии он ҳар кишвар талош бар он меварзад, ки сайёҳонро ба истифодаи захираҳои худ (барои ташриф) ҷалб созад, маблағҳои зиёд харҷ карда шуда, воситаҳои таблиғотӣ дар шакли ташкили ҳамоишҳои фарҳангию илмии байналмилалӣ, бозиҳои варзишии олимпӣ, каналҳои махсуси телевизионӣ, рӯзнома, маҷаллаҳо, сомонаҳо дар шабакаи Интернет ва ғайра ба роҳ монда шаванд.

Сеюм, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ бо шарту шароити фаъолияти судбахш ва ҳавасмандгардонии доираи соҳибкорон. Чуноне ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат чандин имтиёзҳои давлатӣ бар асоси рушди фаъолияти соҳибкорон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуданд. Қадами навбатӣ, татбиқи босамари ин имтиёзҳо ва дар пайравӣ ба онҳо ташаккул додани механимзҳои гуногуни шавқангез ва ҳавасмандгардонии шаҳрвандон ва соҳибкорон, аз ҷумла, дар сатҳи маҳалҳо ҷиҳати ташкили ниҳодҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолии (коркарди молу маснуоти) сайёҳӣ. Ҳамчунин сохтмони меҳмонхонаҳо, бахусус дар шакли «хонаист (хонагӣ)» (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»), ташкили марказҳои маҷмӯии хизматрасонӣ, ниҳодҳои таъмини нақлиёти сайёҳӣ, марказҳои хизматрасонии сарироҳӣ ва ғайра ба мақсад мувофиқ мебошад.

Чорум, омодасозии кадрҳо, яъне мутахассисони соҳаи сайёҳӣ. Дар ҷумҳурӣ дар сохтори муассисаҳои ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ факултаҳо ва кафедраҳои махсусгардонидашуда оид ба омодасозии кардӣ дар соҳаи сайёҳӣ амал мекунанд, аммо ин хеле кам аст. Гузашта аз ин, дастовардҳои тадқиқотӣ ва илмию амалии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ кам ба назар мерасанд, ки такмили ихтисос ва бозбинии (баррасӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ) барномаҳои таълимӣ тақозо мегардад.

Панҷум, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани низоми хизматрасонии сайёҳӣ. Имрӯз тамоюли хизматрасонии фосилавӣ, бе иштирок ва ё таъсири бевоситаи субъект (инсон) инкишоф ёфта истодааст, зимнан, зарур аст, ки муносибатҳои фармоишӣ, қабули дархостҳо ва амалиёти молиявӣ (ҳисоббаробаркунӣ), мутаносибан бо истифода аз технологияҳои иттилоотии интернетӣ ва ғайринақдӣ ба роҳ монда шаванд. Зеро фароҳам нагардидани чунин шароит метавонад ба рушди муназзами ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ монеа гардад ва яке аз камбудиҳои соҳа арзёбӣ карда шавад. Дар ин росто, дастрас гардонидани хизматрасонии ҳавопаймоҳои мусофиркашонӣ ва беҳтару ҷолиб гардонидани ширкатҳои хизматрасон бо назардошти ба роҳ мондани низоми ҳамкории мутақобила ва шарикӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Шашум, ташаккул додани симои (бренди) миллии сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон. Дар боло ишора гардида буд, ки ҳар давлат барои ҷалби теъдоди зиёдтари сайёҳон талошҳои зиёд мекунанд. Мисол, фестивали «Карнавал»-и кишварҳои Аврупо, иди миллии «Гентӣ»-и Булғория, фестивали «Помидор»-и Испания ва ғайра ҳамасола миллионҳо сайёҳонро ба ин давлатҳо ҷалб месозанд. Барои кишвари (ҷомеаи) мо, ки меросдори фарҳангу тамаддуни бой аст, муайян ва амалӣ сохтани як ё якчанд лоиҳаҳои фарҳангии сайёҳии байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ба мақсад мувофиқ аст. Аз ҷумла, Наврӯзи байналмилалӣ, ки хусусияти ҳам таърихӣ ва ҳам фарҳанги миллӣ дорад, маҷмӯи чорабиниҳои халқии фарҳангӣ ва варзиширо фаро мегирад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро низ пайдо кардааст, метавонад ба сифати фестивали идҳои «Наврӯзӣ» ҳазорон сайёҳро ҷалб намояд ва фарҳангу арзишҳои миллии ҷуиҳуриро дар сатҳи дигар давлатҳо муаррифӣ созад.

Хулоса, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҷиҳати ҳамоҳангӣ ва рушди устувори сохторҳои ҷомеа, ҳамгироии ҳизматрасониҳо, ташаккули заминаҳою имкониятҳои нав ва муосири иқтисодӣ, иҷтимоии иқтисодӣ ва фарҳангии маънавӣ, ки иштирок ва саҳми ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистонро дар ин иқдом тақозо мекунад, фурсати бисёр муносиб мебошад.

 

Қиёмиддин МИРАЛИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои сиёсӣ

 

 

Январь 4, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон