С. Икромӣ: «Бақияи умумии пасандозҳо дар ҷумҳурӣ 37,4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст»
ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо дар ҷумҳурӣ соли сипаригардида бо асъори хориҷӣ 10,9 фоиз коҳиш ва бо пули миллӣ 19,2 фоиз афзоиш дода шуд. Ин матлабро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни соати парлумонӣ, ки имрӯз дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ дар давраи солҳои 2010-2017» дар Парлумони мамлакат таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ доир гардид, иброз дошт.
С. Икромӣ афзуд, ки раванди афзоиши ҳаҷми пасандозҳо бо пули миллӣ дар асоси паст намудани сатҳи долларкунонии иқтисодиёт ва хавфи асъорӣ, инчунин баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ ба даст омадааст. Таъкид шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли 2017 бо мақсади таъмини сатҳи муътадили нархҳо, солимгардонии низоми бонкӣ, таҳкими сиёсати пулию қарзӣ, мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Новобаста ба идома ёфтани таъсири манфии буҳрони сиёсӣ-иқтисодӣ ва мушкилоти ҷойдошта, соли 2017 бархе нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ мусбат арзёбӣ гардидаанд. Бақияи умумии пасандозҳо дар ҷамъбасти соли сипаригардида 9,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 37,4 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Бо дахли қарзҳои додашуда, намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда қариб 8 млрд. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 1,3 фоиз кам мебошад.
Новобаста аз кам шудани ҳаҷми қарзҳои додашуда, теъдоди онҳо дар ин давра раванди мусбат дошта, афзоиши он 7,5 фоизро ташкил дода, ба 479,1 ҳазор адад расид. Ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 5,2 фоиз афзоиш ёфта, маблағи он 3,8 млрд. сомониро ташкил намуд. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда, 58,4 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо ба савдои хориҷӣ 20,3 фоиз, саноат 46,9 фоиз, истеъмолот 13,9 фоиз, хизматрасонӣ 6,5 фоиз, кишоварзӣ 6,5 фоиз, сохтмон 3,2 фоиз, нақлиёт 1,3 фоиз ва дигар соҳаҳо 1,4 фоиз рост меояд.
Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии бахши воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва пешниҳоди қарзҳои ҷолиб ба соҳибкорони истеҳсолӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати ҷалби захираҳои молиявии арзон ва дарозмуддат, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, паст кардани фоизи қарзҳо ва коҳиш додани хавфҳои қарзӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






