Соҳибкорону истеҳсолкунандагонро зарур аст, ки дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда дошта бошанд, -бардошт аз Паёми Сарвари давлат

Январь 4, 2018 15:20

ДУШАНБЕ, 04.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар собит сохт, ки рушди корхонаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ пайваста таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Пешвои миллат бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супориш доданд, ки воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шаванд.

Иқдоми навбатии Пешвои миллат ба рушди соҳа ва бо молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин кардани бозори истеъмолӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои корхонаҳои истеҳсолӣ имкони воқеӣ фароҳам меоварад, ки истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ рушд ёфта, ҳавасмандии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкорон таъмин гардад.

Бо талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол намудааст. Инчунин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат барои тамоми самтҳои фаъолият, аз ҷумла истеҳсолоту соҳибкорӣ ва кишоварзию хоҷагидорӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, воқеан дар ояндаи наздик Тоҷикистон бояд ба кишвари саноатӣ, транзитӣ, содиротӣ ва сайёҳӣ табдил ёбад. Хушбахтона, мо чунин имконоти воқеиро доро мебошем. Зеро дар Тоҷикистон ҷавонону мутахассисони ояндадор ба камол мерасанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин неруи созандаву бунёдкор боварӣ ва эътимод дорад.

Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии мақомоти Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он ҳимояи бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти бесифат ва ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан ба корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи ватанӣ буда, мутахассисони он пайваста талош доранд, ки бехатарии бозори истеъмолиро таъмин кунанд.

Изҳори нигаронӣ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми роҳнамо ба Маҷлиси Олии мамлакат моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба иҷрои вазифаҳои худ, таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ, пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ ба бозори дохилӣ ба халқу Ватани худ содиқона хизмат кунем. Дар Паёми сарнавиштсоз Роҳбари давлат таъкид доштанд: «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад». Аз ин нигоҳ мо самти фаъолияти назоратиро боз ҳам пурзӯр намудем, то ба солимии аҳли ҷомеа зарар нарасад. Пешвои миллат супориши қатъӣ доданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳатмӣ риоя гардида, дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таҳия ва амалӣ карда шавад.

Мо, кормандони мақомоти «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон аз иқдому пешниҳодоти ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ, дастгирии комили истеҳсолкунандагони ватанӣ, рақобатпазир гардонидани молу маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ, ки дар Паём баён гардиданд, пазироӣ намуда, кӯшиш мекунем, ки дар баробари назорати бехатарии бозори истеъмолӣ соҳибкорони ватаниро дастгирӣ намоем, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем, ба рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мусоидат намоем.

Бо назардошти ин гуфтаҳо соҳибкорону истеҳсолкунандагони бо нангу номуси ватани маҳбубамонро зарур аст, ки дастгириҳои  давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки имкониятҳои мавҷударо баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир равона намуда, тавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда фаъолияти худро ба роҳ монанд. Ба ин восита ҳам буҷаи давлатро ғанӣ гардонида ва ҳам дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда дошта бошанд.

 

Диловар ПИРНАЗАРЗОДА,

директори Маркази стандартизатсия,

метрология, сертификатсия  ва нозироти савдои

«Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон

Январь 4, 2018 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 764 қонуншиканӣ нисбат ба маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор карда шуд
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор ба ифтихори 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Британия қариб 66 ҳазор нафар бар асари тӯфон бе барқ монданд
Нархҳои маводи озуқаворӣ моҳи ноябр дар ҷаҳон 0,5% афзоиш ёфтанд
10 ДЕКАБР — РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Тоҷикистон таъсис додани вазифаи Омбудсмени соҳибкорӣ дар назар аст