Соли сипаришуда нақшаи генералии 17 шаҳру ноҳия бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассал яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора имрӯз, 26 январ раиси Кумитаи мазкур Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” баргузор гардид, ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 55-тои онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
«Танҳо соли 2017 нақшаҳои генералии 17 шаҳру ноҳияҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Нақшаҳои генералии шаҳри Гулистон ва маркази ноҳияҳои Панҷ, Бобоҷон Ғафуров, Ҳамадонӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд»,-иброз дошт Ҷамшед Аҳмадзода.
Маврид ба зикр аст, ки 28 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.
Сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода пас аз тасдиқ гардидани нақшаи мазкур дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуда буд, ки тибқи қарори мазкур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки азхудкунии заминҳоро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои атрофи онро тарҳрезӣ намояд. Инчунин омодакунии муҳандисии ҳудуд, барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷударо тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе роҳандозӣ намояд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар пойтахт соли 2017 тибқи нақшаи мазкур корҳои навсозӣ дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, 6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
«Соли 2017 таҳияи лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии 7 шаҳру ноҳия ба анҷом расонида шуда, ҳоло лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии 16 шаҳру ноҳия мавриди тасҳеҳ қарор дорад, ки то нимсолаи якуми соли равон ба итмом расонида мешаванд», — зикр кард раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.











Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






