ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 3 январ, чоршанбе, 3-юмин рӯзи соли 2018 аст. То охири сол 362 рӯзи дигар монд

Январь 3, 2018 08:29

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

3 январи соли 2011 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 фармон ба имзо расониданд.

***

3 январи соли  2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши дар назди Калисои Қиддисини вилояти Искандария рухдода ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак барқияи таъзия ирсол карда, ба наздикон ва хешу таборони қурбоншудагон арзи тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд.

***

Як сол пеш, 3 январи соли 2016 дар Арабистони Саудӣ баъди анҷоми мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба имзо расид.

3 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Эстония – Рӯзи ёдбуди ҷанговарони муҳорибаҳои озодкунӣ.

РӮЙДОДҲО:

3 январи соли 1977 Фонди байналмилалии асъор ба Британияи Кабир дар ҳаҷми 3,9 миллиард фунт стерлинг заём дод.

***

22 сол пеш аз ин, 3 январи соли 1995 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ хабар дод, ки шумораи гирифторони бемории ВНМО дар ҷаҳон аз як миллион нафар гузаштааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 миёни Қазоқистон ва Чин муносиботи дипломатӣ барқрор карда шуданд.

***

3 январи соли 2006 дар Озарбойҷон пули нав ба муомилот бароварда шуд.

***

3 январи соли 1977 аввалин компютери ширкати Apple истеҳсол гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1989 рӯзномаи «Известия» (Россия) аввалин маротиба рекламаи тиҷоратӣ нашр намуд.

 

Январь 3, 2018 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст