ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 30 январ, сешанбе, 30-юмин рӯзи соли 2018 аст

Январь 30, 2018 08:55

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

30 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

***

30 январи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муосири муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеи созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост».

***

Дар ин рӯзи соли 2017 маҷаллаи туристии «34travel» дар асоси тадқиқоти яке аз калонтарин ширкатҳои фаромиллии ИМА   «MasterCard» рейтинги 5 шаҳрро, ки имкониятҳои зиёди сайёҳӣ доранд, нашр намуд. Дар рейтинги мазкур мақоми аввалро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе касб намуд. Ба рӯйхат инчунин пойтахти Булғористон– шаҳри София, пойтахти Руминия – Бухарест, шаҳрҳои Касабланкаи Марокаш ва Бостони ИМА шомил шуданд.

 30 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон дар роҳи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

30 январи соли 2017   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.

***

Як сол пеш, 30 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

30 январи соли 1921 дар Англия  футболи занона манъ карда шуд.

***

70 сол муқаддам, 30 январи соли 1948 дар шаҳри Санкт-Моритси Швейтсария маросими кушодашавии панҷумин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид (бозиҳо 8 феврал ба анҷом расиданд).

***

30 январи соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер панҷумин маротиба дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 2012  дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҷаласаи Кумитаи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қарори таъсис додани Лигаи миллии футбол қабул карда шуд.

 

 

Январь 30, 2018 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш