ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 6 январ, шанбе, 6-умин рӯзи соли 2018 аст

Январь 6, 2018 08:49

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

6 январи соли 2010 дар Тоҷикистон фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» оғоз гардид.

 ***

6 январи соли 2015 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ  ба вилояти Суғд рафта, дар онҷо бо ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят мулоқот намуд ва масъалаҳои убури ғайриқонунӣ, мубориза бо  чиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои соҳаро баррасӣ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1943 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳайати шахсии  Артиши Шӯравӣ рутба ҷорӣ карда шуд.

РӮЙДОДҲО:

 6 январи соли 2015 дар шаҳри Қӯрғонтеппа чаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани  муҳити тиҷоратӣ ва фазои сармоягузории назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.

***

6 январи соли 1912 Ню- Мехико 47-умин иёлоти Амрико гардид.

***

102 сол муқаддам, 6 январи соли 1916 дар Англия хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1941 дар ИМА президенти вақт Рузвелт ба конгресс Қонун дар бораи Ленд-Лизингро равон кард, ки он ба президент ҳуқуқи фурӯхтан, ба қарз додан ва ё ба иҷора додани техника ва таҷҳизоти ҳарбиро  ба давлатҳое, ки аз нуқтаи назари ИМА мудофиаи онҳо зарур аст, медод.

***

6 январи соли 1993 Президенти вақти Перу Алберто Фухимори аз нав шакли идораи конститутсионии давлатро ҷорӣ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли 1946 аввалин маротиба дар таърихи Ветнам интихоботи умумӣ баргузор гардид.

Январь 6, 2018 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш