ТАШАККУР, БАРОДАРОНИ ҚАЗОҚ! Дар вилояти Акмолински Қазоқистон 57 мусофири автобуси аз Тоҷикистон ба самти Россия равона аз сармозадагӣ наҷот дода шуданд

Январь 24, 2018 15:06

ДУШАНБЕ, 24.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар шоҳроҳи вилояти Акмолински Қазоқистон дармонд. Шабона полис дар бораи дар шоҳроҳи Остона-Петропавловск мондани автобуси «Setra» бо навиштаҷоти «Марке-Тюмен» маълумот гирифт. Маълум гардид, ки аз сардии шадид сӯзишвории автобус ях кардааст. Дар дохили автобус ду ронанда-истиқоматкунандагони Қазоқистон ва 55 мусофир-шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштанд. Онҳо фавран ба нуқтаи гарм бурда шуданд. Дар ин бора субҳи рӯзи дигар рӯзномаҳои маҳаллии Қазоқистон хабар доданд.

Рӯзноманигор ва соҳибкори маъруфи тоҷик Саломиддин Мирзораҳматов, ки дар Қазоқистон  ба сар мебарад, дар ин бора дар   саҳфаи худ дар Facebook чунин навиштааст:

«…Ин ҳодиса шаби 20 ба 21 январ, ҳангоме дар шимоли Қазоқистон сардии ҳаво ба 50 дараҷа мерасид, рух дод. Дар қаламрави ноҳияи Буландин, дар наздикии шаҳри Макинск автобуси онҳо вайрон шуд. Ронандаи автобус, ки дар телефони дастии худ симкорти қазоқӣ ҳам дошт, ба шумораи 112 ба хадамоти наҷоти Қазқистон занг мезанад.

 Сардори бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Баурҷон Жусупов бо бонги изтироб фавран ҳамаи кормандони наҷотро ба по хезонд. Баъди як муддати кӯтоҳ худи сардори бахши ноҳиявии КҲФ, сардори ШКД ноҳия Алмат Метаев, сардори хадамоти полиси минтақа Ернар Кайиржанов, муовини ҳокими ноҳия Бахит Шамкеновна ва корманди ҳокимияти ноҳия Рустам Сапаев ба ҷойи ҳодиса, ба назди мусофирони аз сардӣ азиятдида ҳозир шуданд.

 Ҳамаи мусофиронро дар бинои мактаби рақами 5-и шаҳри Макинск ҷой доданд. Шабона ошпазҳои мактабро даъват карданд ва муддати ду шабонарӯз онҳоро се бор бо таоми гарм таъмин намуданд. Барои ҳамаи ҳамватанони гирифтори офат гардидаи мо билети қатора то шаҳри Петропавловск пайдо карданд:    дар он шаҳр онҳоро бояд автобуси дигаре барои расонидан то ҳудуди Россия интизор мешуд ва бегоҳии 22 январ ҳамватанони мо ба самти Россия гусел карда шуданд.

 Файзиддин Шоназаров, тоҷике, ки қариб 40 сол боз дар шаҳри Макинск зиндагӣ мекунад, пас аз аёдати ҳамватанон чунин нақл кард:

 «Агар хадамоти ноҳиявии мо сари вақт намерасиданд, эҳтимоли  фоҷиа вуҷуд дошт. Фаврият, низоми дурусти кор, таваҷҷуҳи хос ба рӯйдод ва одамон имкон дод, ки фалокат пешгирӣ карда шавад. Тасаввур кунед, дар дақиқаҳои башумор наҷот додани ҷони одамон аз сардӣ, онҳоро ҷобаҷо кардан дар утоқҳои гарм ва  таъмин намудан бо хӯрок кори саҳл нест. Муддати ду шабонарӯз сардори хадамоти полиси маҳаллӣ Ернар Кайирҷонов шахсан ҳамроҳи ҳамватанони мо дар мактаб истода, амнияти онҳоро таъмин намуд.

  Мехоҳам аз номи ҳамватанонам ба ҳамаи онҳое, ки он шаб барои раҳоии ҷони мусофирон дар сардии 50 дараҷа кумаки бедареғ расонданд, изҳори сипос намоям».

***

 Тавре ки иттилоъ дода будем, бар асари сардиҳои шадид ва паст шудани ҳарорат дар вилояти Акмолински Ҷумҳурии Қазоқистон роҳҳои автомобилгард барои нақлиёти ҷамъиятии тамоми самтҳо баста шуда, полис дар низоми пурзӯр кор мекунад. Вазорату идораҳои дахлдор аз шаҳрвандон хоҳиш менамоянд, ки аз сафарҳои дур худдорӣ намоянд.

«Бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи ин давлат рабт дорад, ба шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд», — иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон    ба АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки 18 январ дар шоҳроҳи Самара-Шимкент ҳодисаи мудҳиш рух дод. Автобуси ҳомили 57 нафар мусофирон оташ гирифт, ки дар натиҷа 52 нафар қурбон шуда, 5 каси дигар наҷот ёфтанд. Ҳамаи қурбониён шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, миёни наҷотёфтагон се нафар шаҳрвандони Қазоқистон ва ду нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Дар робита ба ин ҳодисаи мудҳиш худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори таслият намуданд.

 

 

 

Январь 24, 2018 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид