Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба шакли HD гузашт
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи иттилоотии Тоҷикистон «Ҷаҳоннамо» ба шакли (формати) дақиқияташ баланди HD гузашт, ки он боз як қадами устувор арзёбӣ мегардад. Акнун аз ин пас тамоми иттилоъ ва барномаҳо аз ин шабака дар шакли HD таҳия ва пешкаши бинандагон мегарданд. Ин тадбир бо мақсади такмили технология ва мутобиқ сохтани сифати садову симои пахши барномаҳои ягона Шабакаи телевизионии иттилоотии ҷумҳурӣ–«Ҷаҳоннамо» аз формати стандартӣ ба HD андешида шудааст.
Зимни маросими гузариши шабакаи «Ҷаҳоннамо» ба ин шакл таъкид гардид, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВАО аст, ки дар ин самт ҳамасола қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Гузариш аз шакли стандартӣ ба дақиқияташ баланд бо зер кардани тугмаи пахши барномаҳо анҷом дода шуд ва нахуст Суруди миллӣ садо дод.
Мавриди зикр аст, ки зарурати таҷдиди технологии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани фаъолияти он дар шакли нав, яъне HD зимни ифтитоҳи Академияи воситаҳои ахбори омма, телевизионҳои «Варзиш» ва «Синамо» ҳанӯз соли 2016 ба миён гузошта буд. Дар муддати муайян пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардонида шуд. Дастгоҳу таҷҳизот барои гузариш ба сифати муосир ва стандарти замонавӣ- HD аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас карда шуданд.
Гузариш ба шакли HD имконият медиҳад, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо аз тариқи Шабакаи «Ҷаҳоннамо» бо сатҳу сифати баланди садову симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон карда шаванд.
Қадами нахустини устувор дар Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ҳанӯз соли 2008 гузошта шуда буд ва то ин дам пахши барномаҳо пурра рақамӣ анҷом меёфтанд. Гузаштан ба шакли HD дастоварди навбатӣ дар Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки солҳои истиқлолият дар соҳаи телевизион ва радиои мамлакат пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд. Телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо», «Футбол», Телевизиони мусиқии Тоҷикистон –«Шаҳнавоз» ва чанд шабакаи радио ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» дар таҳия ва пахши барномаҳои таҳлилӣ, инчунин пешниҳоди ахбор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ роҳу воситаҳои нав истифода менамояд.








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






