Тренерони сатҳи миллӣ маҳорати касбии омӯзгоронро такмил медиҳанд

Январь 9, 2018 14:38

ДУШАНБЕ, 9.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои тренерони сатҳи миллӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Дастгирии таҳсилоти босифат» аз 9 то 13 январи соли равон идома меёбад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни семинар иттилоъ медиҳад, ҳамоиш дар асоси маводи таҳияшуда (Модули омӯзишӣ оид ба татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими фанҳои табиӣ ва технологияи иттилоотӣ) доир гардида, дар натиҷаи омӯзиш зиёда аз 30 нафар тренер барои омӯзонидани 250 нафар мутахассис ба ҳайси тренерони сатҳи миллӣ омода мешаванд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур мураккаб буда, аз панҷ қисм иборат аст. Қисмати якуми он такмили маҳорати касбии омӯзгорон, қисмати дуюми барнома арзёбии дониш, қисмати сеюм банақшагирии буҷет назорат ва татбиқи соҳаи маориф, қисмати чорум таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ, ки дар ин ҷода ба панҷ фани таълимӣ диққат бояд дод (биология, химия, биография, технологияи иттилоотӣ, физика), қисмати панҷуми барнома ба роҳ мондани таҳқиқоти педагогӣ мебошад, яъне корҳои омодагӣ барои гузаронидани таҳқиқоти педагогӣ равона гардидаанд.

Асрор Алиев, мушовири Лоиҳаи «Дастгирии таҳсилоти босифат» ҳадафи ҷамъомади мазкурро омода намудани тренерони сатҳи миллӣ, ки дар навбати худ онҳо дар минтақаҳо омӯзгоронро бо муносибати салоҳиятнок шинос намуда, барои татбиқи муносибати мазкур дар муассисаҳои таълимӣ тайёр менамоянд, арзёбӣ намуд.

«Дар семинари панҷрӯза мафҳуми салоҳият ва салоҳиятнокӣ дар соҳаи маориф, асосҳои назариявии методҳои таҳқиқотӣ оид ба ташаккули салоҳиятҳои асосии хонандагон, асосҳои назариявии арзёбии ташаккулдиҳанда, ки ба рушди салоҳиятҳои хонандагон мусоидат менамоянд, махсусияти пурсиши шифоҳӣ ҳамчун усули ташаккулдиҳандаи салоҳиятҳои асосии хонандагон, методологияи банақшагирии дарс дар асоси муносибати салоҳиятнокӣ ва амсоли инҳо мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд»,-иброз дошт Асрор Алиев.

 

Январь 9, 2018 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар