Вазири нақлиёт ба фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баҳои баланд дод

Январь 16, 2018 16:08

ДУШАНБЕ, 16.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худоёр Худоёрзода дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баҳои баланд дод. Вазири нақлиёт ба директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе Исматулло Абдуллозода  барои ободонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, сохтмони се майдончаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва бунёди бинои се ошёнаи толори ҳайатҳои расмӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе /ФБД/ дар соли сипаригардида ба 1,3 миллион  нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор дар қиёс ба соли 2016 — 148,8 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи Душанбе   иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра ба 5549 хатсайри  доимӣ хизмат расонида шуд, ки назар ба соли 2016 89 хатсайр бештар  аст. Инчунин ба фурудгоҳ доир ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1191 эрод ворид гардид, ки назар ба соли 2016  202 эрод зиёдтар мебошад. Аз 1191 эроди воридгардида 1172 он қонеъ гардонида шуда,  19 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон  соли  гузашта 1296 ҳолати ба таъхир гузошта шудани парвозҳо ба қайд гирифта шудааст. Сабабҳои асосии таъхири парвози ҳавопаймоҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ба омилҳои дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз  (904 ҳолат), дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо – 230 ҳолат), номусоидии обу ҳаво (65 ҳолат, ҷорӣ будани реҷа – 24 ҳолат) рабт дода мешаванд.

Инчунин бор ва почтаи аз ҷониби  анбори тиҷоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда 2473 тоннаро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 153 тонна зиёд аст. Ҳамзамон соли сипаригардида ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии тавассути анбори тиҷоратии ФБД қабулгардида  наздик ба 220 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта  беш аз 100 тонна зиёд мебошад.

Бинобар иттилои  манбаъ, дар назди кормандони ФБД вазифа гузошта шуд, ки соли равон ба масъалаҳои ҳолати тайёрии ФБД ба санҷиши навбатии ИКАО, натиҷаҳои татбиқи барномаи миллии бехатарии авиатсионӣ барои солҳои 2015-2020 дар фурудгоҳи Душанбе, роҳҳои кам кардани теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар фурудгоҳ диққати ҷиддӣ диҳанд.

 

Январь 16, 2018 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид