Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: лоиҳаи «Стретегияи миллии об то соли 2030» таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарғиб, пешбурд ва пазироӣ аз ташаббусҳои глобалии Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои об кор бурда истодааст. Вобаста ба ин, соли сипаргардида чорабиниҳои гуногун оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии сатҳи баланд гузаронида шуда, ҷиҳати ташкили Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи мазкур дар соли ҷорӣ корҳо ҷараён доранд. Ин матлабро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба иттилои мавсуф, дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2025 корҳо оид ба гузариш ба идоракунии ҳавзаҳои об идома дошта, барои такмили қонунгузории соҳа лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва якчанд қонунҳои дигар таҳия гардидаанд, ки мавриди баррасии вазорату идораҳо қарор доранд. «Аз ҷониби Вазорат дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати муайян кардани ҳадафу вазифаҳо дар соҳаи об дар робита ба «Стретегияи миллии рушд то соли 2030» ва Ҳадафҳои рушди устувор лоиҳаи «Стратегияи миллии об то соли 2030» таҳия шуда истодааст»,-афзуд вазир.
Зикр карда шуд, ки айни замон дар соҳаи захираҳои об 19 лоиҳа дар ҳаҷми 329,4 млн. доллари амрикоӣ амалӣ шуда, боз 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 74,2 млн. доллар дар марҳилаи оғози татбиқ қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






