Вазорати кишоварзӣ ба муносибати ҷашни Сада намоиши идона баргузор менамояд

Январь 24, 2018 12:01

ДУШАНБЕ, 24.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Сада 30 январи соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дӯстии халқҳо» намоиши идона баргузор менамояд.

Тавре аз Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоиши идона ба тамошои сокинон ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, кӯчати гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат, техника-мошинолоти муосири кишоварзӣ, испори корӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, гузошта мешаванд.

Бояд гуфт, ки ба муносибати ҷашни Сада Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти дахлдор шурӯъ аз 6 январи соли равон дар бозорҳои «Меҳргон», «Ганҷина», «Деҳқон» ва дигар нуқтаҳои муайянгардида фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, кӯчати гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва тухмиҳои баландсифати дорои сертификатро баргузор намуда истодаанд.

Январь 24, 2018 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад