Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати саҳмгузорони биноҳои истиқоматӣ
ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиатномаи гурӯҳи шаҳрвандон — саҳмгузорони бунёди манзилҳои ширкатҳои сохтмонии «Муҳаммад 2009» ва «Муҳаммад 2014»-ро, ки дар нашрияи «Азия Плюс» зери сарлавҳаи «Мо танҳо ба Мири шаҳр умед мебандем» ба чоп расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар робита ба ин маводи нашршуда Раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ҷиҳати мусоидат ва фароҳам овардани шароит ба ташкилотҳои сохтмонӣ, ҳарчӣ зудтар ба итмом расондани корҳои бунёдии иншооти нотамоми манзилҳои истиқоматӣ, ҷоннок ва пурзӯр кардани корҳои сохтмонӣ ва ба таври бетаъхир бартараф кардани тамоми камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ дод.








Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






