Зодрӯзи Сайидои Насафӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои шахсони маъруфи ЮНЕСКО ворид гардид

Январь 15, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2018. /АМИТ  «Ховар»/. Дар ҳошияи иҷлосияи 39 Конфронси генералии ЮНЕСКО номинатсияи 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 қабул гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бахшида ба таҷлили 400-умин солгарди таваллуди шоир Сайидои Насафӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои 2018-2019 баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишгоҳҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки Сайидои Насафӣ аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелодӣ аст, ки бо мероси пурқимат ва арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонии худ дар таърихи адабиёти давраи мазкур мақом ва манзалати шоиста доштааст. Сайидо дар Насаф ё Қаршии кунунии қаламрави Бухоро зода шуда, дар шаҳри Бухоро парвариш ёфтааст.

Сайидои Насафӣ аз ҷавонӣ ба шеър гуфтан оғоз карда, дар муддати кӯтоҳ дар Бухоро ва атрофи он ҳамчун шоири тавоно машҳур гардидааст. Мероси адабии шоир, ки дар шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то ба имрӯз расидааст, аз ғазал, қасида, маснавӣ, мусаддас, мухаммас, рубоӣ, қитъа, асари тамсили баҳориёт, шаҳрошӯб ва ғайра иборат будаанд, ки тақрибан 8500 байтро дар бар мегирад.

Сайидои Насафӣ дар байни солҳои 1707 -1711 дар Бухоро вафот кардааст.

 

Январь 15, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид