ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 4 феврал, якшанбе, 35-умин рӯзи соли 2018 аст

Февраль 4, 2018 09:07

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шўрои мазкур бо иштироки аъзои он ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, Раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

***

3 сол пеш,  4 феврали соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд. Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами ҷумҳурӣ, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли кураи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар сомонаи ФИФА рейтинги февралии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол нашр шуд. Дар ҳисоб дастаи футболи Тоҷикистон мисли моҳи гузашта (январи соли 2016) 196 хол ба даст овард. Миёни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё дастаи мо мисли пешина мақоми 26-умро касб намуд.  

4 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон.

***

Дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Ангола – Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона.

РӮЙДОДҲО:

4 феврали соли 2016 дар дафтари намояндагии Фонди рушди «Институти тадқиқотии АвруОсиё» маросими супоридани диплом ба барандагони озмуни донишҷӯии ба номи Дмитрий Менделеев ва Михаил Ломоносов баргузор гардид.

***

4 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми «Шабакаи ташкилотҳои шарикон   оид ба обтаъминкунии устувор ва ҳолати санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 ***

107 сол муқаддам, 4 январи соли 1911 ширкати «Роллс-Ройс» барои автомобилҳои худ тамғаи махсус созмон дод.

***

4 феврали соли 1934 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Венгрия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Гватемала 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

4 феврали соли 1985  қатъномаи СММ дар бораи манъ кардани шиканҷа қабул гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2016 дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти таъмини ҳуқуқи инсон http://khit.tj фаъол карда шуд.

***

Соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи «Thefacebook»-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд. Имрӯз ин сомона ҳамчун машҳуртарин ва бузургтарин сомонаи иҷтимоӣ – Facebook дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг сарватмандтарин шахси олам ба шумор меравад.

 

 

 

Февраль 4, 2018 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст