РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ДУШАНБЕ, 07.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Донишмандӣ, ҳунармандӣ, таҳаммулпазирӣ, корнамоиву шуҷоат ва тарбиятгари беҳамто будани зан-модари тоҷик аст, ки дар ҷаҳон ҳанӯз ҳам осори гаронмояи фарзандони нобиғаи ӯ, ба мисли Рӯдакиву Сино, Румиву Ҷомӣ, Берунӣ ва дигаронро бо шавқ мутолиа мекунанд. Яке аз чунин занони донишманд, шоири шинохтаи тоҷику форс Робиаи Балхӣ аст. Моҳи ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Дар арафаи Рӯзи Модар АМИТ «Ховар» аз эҷоди нахустин шоири забардаст ва соҳибдевони тоҷик ёдовар мешавад.
— Воқеан, қабул шудани қатъномаи ЮНЕСКО оид ба таҷлили 1050-солагии нахустин шоири забардаст ва соҳибдевони тоҷик Робиаи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои 2026-2027 намунаи олӣ ва натиҷаи равшани талошу заҳматҳои Давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор ва мақоми зан-модари тоҷик дар ҷомеа мебошад.
Тавре узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, Робиа — духтари Каъби Қуздории Балхӣ (асри X) аз нахустин занони сухансарои забардаст ва соҳибдевони тоҷик дар аҳди давлатдории силсилаи некноми Сомониён аст, ки ба забони модарии мо шеърҳои ширину дилрас сурудааст.
«Шоир ва орифи машҳур Фаридиддини Аттор (1145-1221) дар маснавии «Илоҳинома» аз мулоқоту мушоира анҷом додани Робиа бо устод Рӯдакӣ ва аз тарафи устод Рӯдакӣ мавриди ситоиш қарор гирифтани сурудаҳои вай ёдовар шудааст. Робиа ба сабки баён ва вазни шеър ба забони модарии мо навовариҳо ворид карда, ба андешаи адиби маъруф Шамси Қайси Розӣ (асри XIII), дар «Ал-Муъҷам» баҳри хосеро ба баҳрҳои шеъри порсӣ илова кардааст. Ба ҳамин хотир, ҳамчунин дар робита ба он, ки вай нахустин шоири соҳибдевон ба забони модарии мост, баъзе муҳаққиқон дар қиёс бо устод Рӯдакӣ – падари шеъри порсӣ Робиаро модари шеъри порсӣ ном бурдаанд»,-илова кард Ҳасани Султон.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, забони баёни шеърҳои Робиа ширину равон ва аз тасвирҳои зебову дилнишин саршор аст:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги «Аржанг»-и Моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт?!
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт…
Дар сурудаҳои Робиа ишқу муҳаббати поки инсони ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҳамин аст, ки то ба имрӯз ин сурудаҳо вирди забони алоқамандони шеъру адаб қарор гирифтаанд:
Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.
Ишқ дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд?
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб
Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.
Як хусусияти муҳим ва қобили мулоҳизаи сурудаҳои Робиаи Балхӣ шеваи баёни одӣ ва «тоҷикона»-и онҳост. Масалан, дар мисраи зер калимаи «раҳмат» ба маънии изҳори сипосу ташаккур ба кор рафтааст, ки дар байни мардуми одии мо ба ҳамин маъно то ба имрӯз истифода мешавад:
Фишонд аз савсану гул ёсуман бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.
Ё дар қитъаи зер калимаву ибораҳои маъмули «кошк» (кошки), «тан», «дил», «саломат», «хабари дил», «хабари тан»… корбаст шудаанд, ки имрӯз ҳам маъмулу машҳуранд:
Кошк танам боз ёфтӣ хабари дил,
Кошк дилам боз ёфтӣ хабари тан.
Кошк ман аз ту бирастаме ба саломат
Ой, фусусо, куҷо тавонам растан?!
Робиа ба забони тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ шеър суруда, ба ҳар ду забон девон доштааст. Мутаассифона, бар асари нобасомонӣ ва ҳаводиси рӯзгор аз сурудаҳои зиёди ӯ то замони мо миқдори кам боқӣ мондааст.
Робиаи Балхӣ ҳангоми тасвири ҷилваю ҷамоли зебою нотакрори табиат ногаҳон ба баёни гузароии умр ва даргурез будани зебоиҳои ҷаҳон меафтад. Бинобар он ӯ ба хонанда паём медиҳад, ки ба қадри зебоиҳои ҳаёт бирасаду аз он баҳра бардораду шод зияд ва дар ғами дунёгирӣ набошад:
Қадаҳ гир чандею дунё магир,
Ки бадбахт шуд, он, ки дунё гирифт,
Дар робита ба рӯзгору ашъори Робиаи Балхӣ дар куҳантарин тазкира – «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ иттилоъ мавҷуд аст. Ҳамчунин оид ба далерию ҷасорат, ишқу муҳаббат ва озодманишию озодандешии Робиа, ки оқибат ба ҳалокати фоҷеабораш сабаб гардид, дар китобҳои пешиниён ва ривоятҳои мардумӣ иттилои фаровон мавҷуд аст.
Дар ҷилди якуми китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат» (2016) ҳангоми ёдкарди шоирони рӯзгори Сомониён аз Робиаи Балхӣ ҳам сухан рафта, ба сифати далели ҷилваи хаёл ва отифаҳои латифаш як ғазали ӯ намуна оварда шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Иқдоми навбатии Сарвари давлат гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии қаҳрамонон аст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд






