Ба Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ тағйирот ворид гардид

Февраль 8, 2018 09:53

ДУШАНБЕ, 08.02.2018/АМИТ «Ховар»/. Вакилони Парлумони Тоҷикистон 7 феврал ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид  намуданд. Дар асоси ин тағйирот минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тӯли  7 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат  намудаанд ва забони давлатиро хуб медонанд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва шаҳрвандоне, ки зарфи панҷ соли охир  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доштанд, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб мегарданд.

Ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба лоиҳаи қонуни  конститутсионӣ  вакили Маҷлиси  намояндагон Амрихудои Дамдор дар мутобиқ намудани лоиҳаи қонун  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди қонунгузории мамлакат, ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон,  фаъол намудани кори комиссияҳои интихоботӣ ва шаффоф баргузор намудани интихоботӣ парлумонӣ арзёбӣ намуд.

Инчунин лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба номзадҳо  дар  маъракаи пешазинтихоботӣ ба таври ройгон истифода намудани эфир дар радио ва телевизиони давлатиро пешбинӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2000 дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ –Парлумон таъсис дода шуд, ки он аз ду палата –Маҷлиси миллӣ (палатаи болоӣ) ва Маҷлиси  намояндагон  (палатаи поёнӣ) иборат аст.

Маҷлиси миллӣ 33 нафар аъзо  дошта, 25 нафараш дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони  халқи вилоятҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб карда шуда, 8 нафарашро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд.

Ҳар собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви доимии Маҷлиси миллӣ мебошад. Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аз 63 нафар иборатанд, ба муҳлати 5 сол тавассути баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон мақоми олии қонунгузор буда, касбӣ ва доимоамалкунанда мебошад.

 

Февраль 8, 2018 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид