Дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва кумакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ дар маъракаи интихоботи президентӣ манъ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва дигар намуди кумаку дастгирии моддии маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад. Дар робита ба ин масъала 7 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» синни номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 35 ба 30-солагӣ поён оварда мешавад.
Вакилони Парлумони Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва Саидҷаъфар Усмонзода зимни шарҳи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ зикр намуданд, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқҳои интихобкунандагон, шаффофу демократӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи амнияти давлатӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли 2016 дар асоси баргузории раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, дар моддаи 65 қисми дуюми Конститутсия зикр шудааст, ки «шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад».
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақозои равандҳои ҷомеаи демократӣ буда, ба тамоми моддаҳои қонун, ба истиснои моддаи 37 тағйирот ва 25 истилоҳоти ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд.
Ҳамзамон лоиҳаи қонуни конститутсионӣ мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ ва байналмилалиро ба танзим дароварда, дар он эродҳои нозирони байналмилалӣ ба инобат гирифта шудаанд. Мавриди зикр аст, ки ворид намудани тағйиру иоваҳо ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Мавзуна Шарофидинова бо мақсади аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






