Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол як зина боло баромад
ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии нави худро 15 феврал интишор кард.
Тавре сомонаи расии ФИФА хабар медиҳад, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо 255 имтиёз дар мақоми 125 ҷой гирифтааст.
Дар байни дастаҳои мунтахаби қитъаи Осиё Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мақоми 22-юмро касб кардааст.
Дар садри ҷадвали раддабандӣ тағйирот нашудааст. Германия дар мақоми аввал, Бразилия дар ҷои дуюм ва Португалия дар мақоми сеюм ҷойгиранд.
Раддабандии ФИФА аз 15 феврали соли 2018:
1 (1). Германия — 1602 имтиёз,
2 (2). Бразилия — 1484,
3 (3). Португалия — 1358,
4 (4). Аргентина — 1348,
5 (5). Белгия — 1325,
6 (6). Испания — 1231,
7 (7). Полша — 1213,
8 (8). Швейтсария — 1190,
9 (9). Фаронса — 1183,
10 (10). Чили — 1153…
125 (126). Тоҷикистон – 255…
Раддабандии навбатии ФИФА моҳи марти соли равон интишор хоҳад шуд.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






