I LOVE DUSHANBE. Биёед дар амал собит намоем, ки пойтахти худро воқеан дӯст медорем!

Февраль 7, 2018 15:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, бо қарори  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар пойтахт  гурӯҳи таблиғотӣ   таъсис дода  шуд. Гурӯҳи мазкур  бо мақсади тарғиб ва шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии фарҳанги бегона, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ  бо  сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту суҳбатҳо барпо менамояд.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз дошт,   роҳбарии ин гурӯҳро муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ба зимма дошта, аъзои он аз  мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони  сохторҳои тобеи мақомот иборат аст.

Гурӯҳи муштараки таблиғотӣ шурӯъ аз 31 январи соли равон дар ташкилоту идора ва муассисаҳои таълимии пойтахт  бо сокинон доир ба мавзӯи мавриди назар мулоқоти судманд доир намуда истодааст.

Воқеан ҳам сокини пойтахт будан ифтихор аст. Барои ба ин ифтихор сазовор гаштан ҳар як сокини  шаҳрро  зарур аст, ки  фарҳанги шаҳрнишиниро   риоя  намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии   пойтахт саҳм гузорад.         

Мутаассифона, тавре ба мушоҳида мерасад, баъзе сокинони пойтахт фарҳанги шаҳрнишиниро риоя накарда, ба тозагии атрофи биноҳои истиқоматӣ, даромадгоҳ ва зинапояҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, меҳнати шабонарӯзии кормандони  муассисаҳои  беҳдошту поккории шаҳрро қадр намекунанд.

Онҳо ба рафтори ношоистаи фарзандонашон,  ки  аз ҷумла, ба поймол намудани майсазорон,  гулу буттаҳо, шикастани дарахтон, корношоям гардонидани молу ашёи ҷамъиятӣ ва ифлос намудани  атрофи биноҳои истиқоматӣ  даст мезананд,   муносибати бепарвоёна доранд.

Чанд рӯз пеш дар пойтахт 36 адад истгоҳҳои  муосири  нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Истгоҳҳои замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр- аз назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт — майдони Сарҳадчиён бунёд шудаанд.

Сокинони шаҳрро зарур аст, ки ин иншооти бо маблағи калон ва заҳмати зиёд бунёдшударо эҳтиёт намоянд ва нисбат  ба нафароне, ки ба вайронию фарсудашавии истгоҳҳо, нақлиёт ва дигар моликияти ҷамъиятӣ роҳ медиҳанд, бетарафӣ зоҳир накунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бобати баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2000  Маромномаи сокини пойтахт қабул гардидааст, ки он хусусияти тавсиявӣ дорад.

Сокинон ва меҳмонони  пойтахт бояд ҳатман  Маромномаи сокини пойтахт ва «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» -ро,  ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, риоя намоянд.

Қоидаҳои мазкур таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян менамоянд.

Дар санади мазкур омадааст, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор масъулият ва уҳдадорӣ маҳсуб мешавад.

Шахсоне, ки тартиби муқарраршудаи ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, роҳпаймоиҳоро дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе, ҳамчунин тартиби муқаррарнамудаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон мекунанд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ, кашидани тамоку ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан, инчунин аз соати 23:00 то 6:00 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбоби мусиқӣ ва истифодаи таҷҳизоти садотақвиятдиҳанда, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъият мегарданд, манъ аст.

Ҳамчунин таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои ба ин мақсад таъйиннагардида, бунёд ва гузоштани гаражҳо барои мошинҳои шахсӣ бидуни қарори Раиси шаҳри Душанбе ва насби радиошунавонию карнайҳои радио дар биноҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва кӯчаву шоҳроҳҳо мамнӯъ мебошад.

«Дар пойтахт соли равон аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  зиёда аз  70 адад майдончаҳои варзишӣ ва гулгаштҳои зиёд бунёд гардиданд.

Бо тасмими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имсол боз бунёди зиёда аз 90 чунин иншооти варзишию фарҳангӣ пешбинӣ шудааст. Мақсад аз бунёди ин иншооти варзишӣ  ва  маконҳои фарҳангӣ  таъмин намудани шароит барои ба варзиш ҷалб намудани насли наврас  ва истироҳати бофароғати онҳо мебошад.

Мутаассифона, ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе наврасону кӯдакон ба таҷҳизоту ашёи ин  майдончаҳои варзишӣ муносибати беэҳтиётона намуда, онҳоро шикаставу корношоям намудаанд.

Аз волидайн ва омӯзгорон хоҳишмандем, ки фарзандону шогирдонро барои муносибати эҳтиёткорона нисбат ба моликияти ҷамъиятӣ ҳидоят намоянд ва  ба онҳо ҳамарӯза фаҳмонанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо алфози кабеҳ дашном додани якдигар ва занозанӣ кардан аз доираи одоб берун аст»,-  мегӯяд Раҳматшо Камолов, директори Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе.

Ҳолати дигаре, ки  ҳусни шаҳри моро коста мегардонад, амали ноҷои баъзе истиқоматкунандагони биноҳои дар шоҳроҳҳо воқеъгардида мебошад, ки онҳо либосҳои худро берун аз айвонҳо овезон менамоянд.

Мувофиқи нишондоди боби сеюми «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои нигаҳдошти хонаҳои истиқоматӣ, минтақаҳои атрофи бино, зидди сӯхтор, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумро таъмин ва ба таҷҳизоти техникӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

Ҳамчунин тибқи тарифҳои муқарраргардида, пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналиро (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партов) анҷом дода, истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд.

Тибқи иттилои масъулин, мутаассифона, баъзе сокинон дар пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки сари вақт  пардохт намудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба фаъолияти  самараноки  сохторҳои ба онҳо марбут мусоидат менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки иҳотаи қитъаҳои замин, дар айвонҳои хонаҳо овехтани ҳар гуна анҷому либосҳо, худсарона дигар кардани сохти хонаҳои истиқоматӣ манъ аст.

Дар боби 5-и санади мазкур ҳамчунин омадааст, ки маъмурияти корхонаҳо, ташкилотҳо, раёсатҳои манзиливу коммуналӣ, дигар сохторҳо, новобаста аз мансубияти идоравӣ, иҷорагирон ва соҳибмулкон уҳдадоранд, ки биноҳо ва иншооти ҳудуди худро, аз ҷумла, ҷӯйборҳои обёриву обгузар, пиёдароҳҳо, мавзеи сабзазор ва истгоҳҳои нақлиётро тоза нигоҳ доранд.

Ҳолати дигаре, ки боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст, ин риоя нагардидани фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар кӯчаву бозор ва нақлиёти мусофиркаш мебошад.

Баъзе шаҳрвандон дар нақлиёти ҷамъиятӣ  тавассути телефонҳои мобилӣ  бо садои баланду гӯшхарош ва дурудароз гуфтугӯ намуда, ҳатто баъзан бо ҳамсуҳбатони худ ҷанҷол карда, бо суханони кабеҳу дурушт табъи мусофирони дигарро хира  мегардонанд.

Мо аз ҳамаи сокинони пойтахт даъват ба амал меорем, ки ба қадри заҳмати сангини роҳрӯбҳо ва дигар кормандони  соҳа расанд, зеро тозагиву озодагӣ вақте муяссар мегардад, ки дигарон  онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта поймолу хароб гарданд.

Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд,  пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва  муомилаи  сокинони пойтахтро  дидаву омӯхта,  аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад.

I LOVE DUSHANBE – МАН ДУШАНБЕРО ДӮСТ МЕДОРАМ. Воқен ҳам, мо шаҳри худро бо сарсабзию хуррамӣ, ҳавои софу дикаш, биноҳо ва кӯчаҳои тозаю ороста, боғу чаман ва гулзорҳои назаррабояш, бо чеҳраҳои зебои сокинонаш   дӯст медорем, дар ин бора шеъру сурудҳо эҷод кардаем, акҳо гирифтаем. Вале ин кам аст. Мо бояд дар амал, бо пиндору гуфтору рафтори ҳаррӯзаамон  собит намоем, ки  пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо, ки муаррифи  таъриху фарҳанги  миллати мост, воқеан дӯст медорем!

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои беҳтарин ролик ва беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе муайян ва қадрдонӣ шуданд
Имрӯз ба ғолибони озмунҳои беҳтарин ролик ва беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе ҷоиза супорида мешавад
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Имрӯз дар Душанбе барои рӯзноманигорон саёҳат ба мавзеъҳои зебоманзари пойтахт такшил карда мешавад
Шаҳри Душанбе ва ширкатҳои сармоягузорию тиҷоратии шаҳри Чэндуи Чин ҳамкориро тақвият медиҳанд
ИҚДОМИ НАВБАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР САМТИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар пойтахти Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мешавад
Дар Душанбе даври дуюми озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор мегардад
Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023 муайян гардид
БА ИСТИҚБОЛИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ин ҷашн оғоз гардиданд
Дар Душанбе барои сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад
Дар мулоқот бо намояндагони ширкати «GENEW Technologies Co. LTD»-и Чин масоили телекоммуникатсия баррасӣ шуд