Имтиёзҳои пешниҳодшуда ба буҷет таъсири манфӣ мерасонанд, вале муҳим рушди истеҳсолот ва ба мамлакат ворид шудани сармояи мустақим аст — бардошт аз нишасти матбуотӣ

Февраль 9, 2018 09:29

ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба тағйироте, ки ба Кодекси андоз ворид карда шуд ва 7 феврал аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, ба буҷети давлатии Тоҷикистон соли 2018 150 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардад. Ин имтиёзҳои пешниҳодшуда, албатта,  ба иҷрои қисми даромади буҷет таъсири манфӣ мерасонанд, вале бо таъсиси корхонаҳои наву пайдо шудани ҷойҳои корӣ, инчунин рушд кардани истеҳсолот ҳамаи он давра ба давра рӯйпӯш мешавад. Ин матлабро раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба андешаи раиси Кумита, «муҳим он аст, ки  истеҳсолот рушд кунад ва ба мамлакат сармояи мустақим ворид шавад».

Ба таъкиди Н. Давлатзода, воридоти тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ сурат гирифтанд. Яъне аз 27 банди он дар 19 банд зиёда аз 30 сабукӣ ва имтиёзҳо дар пардохти андоз пешбинӣ гардиданд.

Аз ҷумла, тибқи тағйироти воридгардида, корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз молу мулки ғайриманқул ба муҳлати 6 сол озод карда мешаванд.

Воридоти маводу ашё барои истеҳсоли маводи доруворӣ, воридоти технологияҳои навтарин ва таҷҳизоти ҳозиразамон барои корхонаҳои дорусозӣ, таҳвили дорувории истеҳсоли ватанӣ, воридоти ашёи хом (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ, воридоти техникаю таҷҳизот ва мавод барои соҳаи парандапарварӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда, воридот ва таҳвили минбаъдаи мошинҳои нав (аз санаи барориш 1 сол нагузашта) 50% озод карда мешаванд.

Инчунин воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти комплектии он барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, аз пардоти андоз аз арзиши иловашуда озод гардид.

Дар баробари корхонаҳои навтаъсис, корхонаҳои амалкунандаи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ низ ба муҳлати 12 сол аз андози фоида, андоз аз замин, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми воридоти молҳо озод карда мешаванд.

Илова бар ин, тибқи тағйиру иловаҳо гузаронидани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯию мавзӯии гузаронидашуда зиёда аз як маротиба дар шаш моҳи тақвимӣ гузаронидани назорати камералӣ, ба истиснои назорати камералие, ки тибқи супориши хаттии роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ, яъне раиси Кумитаи андоз таъйин карда мешавад, манъ карда шуд.

Ҳамзамон пешбинӣ мешавад, ки ҳангоми қатъ намудани фаъолият нисбат ба хоҷагиҳои кишоварзии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияткунанда санҷиши андоз гузаронида намешавад.

Бо мақсади аз байн бурдани баҳсҳои тӯлонӣ ва беасос миёни мақомоти андоз ва андозсупорандагон муқаррар карда шуд, ки дар сурати вуҷуд доштани духӯрагӣ ва ё ихтилофот байни муқаррароти Кодекси андоз мақомоти андоз ва ё мақомоти судӣ ба фоидаи андозсупоранда қарор қабул менамоянд. Таҳти мафҳуми духӯрагӣ ё ихтилофот дар Кодекси андоз вуҷуд доштани ду ё якчанд муқаррарот фаҳмида мешавад, ки аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа ба ҳам мухолифанд.

Февраль 9, 2018 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд