«Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дастраси хонандагон гардиданд

Февраль 5, 2018 11:14

ДУШАНБЕ, 5.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» мунташир гашт. Муаллифон–мураттибони ин нашрияи арзишманд доктори илмҳои таърих, мушовири калони Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода, Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва донишманду муҳаққиқи ҷавон Арафамоҳ Даминова мебошанд. Дар ин китоб, ки аз бобҳои «Ҷомеа», «Давлату давлатдорӣ», «Амният», «Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», «Сиёсати хориҷӣ» ва «Маънавиёт» иборат аст, бори аввал ба забони тоҷикӣ мазмуну моҳияти мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат ва консепсияи давлатдории Тоҷикистони муосир баён шудаанд.

Муаллифон–мураттибон умедворанд, ки омӯхтан ва дастури кору амалу зиндагӣ қарор додани ин 31 мафҳуми калидӣ ба ходимони ҷамъиятӣ, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва толибилмон дар пешбурди фаъолияти маърифатию илмӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.

Февраль 5, 2018 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид