Муовини Сарвазири мамлакат: «Кумакҳои бебозгашти соҳаи тандурустӣ бояд самаранок истифода шаванд»
ДУШАНБЕ, 28.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Сарвазир ба Фонди глобалӣ, Созмони умумиҷаҳониии тандурустӣ, USAID ва дигар созмонҳои байналмилалие, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа дар бахши тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд, минатдории худро баён намуд.
Роҳбари лоиҳа иттилоъ дод, ки амалигардонии Барномаи паст кардани бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 2016 оғоз гардида, то марти соли 2018 идома меёбад. Тибқи Нақшаи кории бо созмонҳои байналмилалӣ мувофиқашуда дар доираи ин Барнома азхудкунии 17,6 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Зикр карда шуд, ки ҳарчанд дар доираи барномаи мазкур корҳои муайян анҷом шуданд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо ҷалби сохторҳои марбута метавон бо ин маблағ корҳои бештарро анҷом дод.
Омили азхуд нагардидани беш аз 1,3 миллион доллари Барнома, маҳз ба сатҳи тахассусии кормандони соҳа, сари вақт анҷом надодани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ниёзмандон-беморони сил, табобату нигоҳубин ва дастгирии онҳо вобаста мебошад. Яъне, марказҳои мубориза бар зидди сил ва бемориҳои пайдошудаи норасоии масъуният дар шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҳамкории зичтареро бо барномаҳо ба роҳ монанд ва ниёзмандон аз имконияти онҳо хубтар истифода баранд. Агар дар доираи лоиҳа 8700 нафар барои гузаронидани корҳои пешгирӣ, табобат ва нигоҳубину дастгирии молиявӣ ҷалб шуда бошанд, бо итминон гуфтан мумкин аст, ки ин руйхати ниҳоии на ҳамаи беморони ниёзманд аст. Ҳолатҳое қайд шудаанд, ки бемории баъзе аз ҷавонон дар вақти гузаштани муоинаи тиббӣ барои даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ муайян мегардад ва ин ифодакунандаи воқеии сатҳи тахассусии кормандони соҳа ва масъулияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳо баҳогузорӣ мегардад.
Муовини Сарвазири мамлакат махсус зикр намуд, ки мубориза ба ин таҳдидҳои муосири глобалӣ танҳо вазифаи як сохтори муайян нест, дар ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масъуният, сил ва вараҷа ба ғайр аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муфтиёт ва дигар сохторҳои марбута аъзо мебошанд. Ҳамаи сохторҳои марбута вазифадоранд, ки вобаста ба самти фаъолияташон корҳои фаҳмондадиҳию пешгириро байни аҳолӣ ба роҳ монанд. Махсусан дар миёни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад. Дар ин раванд муфтиёти кишвар сохтори махсусе мебошад, ки бо истифода аз имкониятҳои васеи доштааш дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату деҳоти кишвар саҳми арзандаи худро гузорад. Сухан дар бораи нигоҳ доштани солимии ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон — насли ояндаи миллату давлат меравад ва ин омил ҳеҷ як фарди баномуси миллатро набояд бетафовут гузорад.
Бо назардошти ҷойдоштани камбудиҳои ҷиддӣ дар амалигардонии Барнома ҳисоботи ҷамъбастии Барнома барои такмил баргардонида шуд.
Дар интиҳо муовини Сарвазири кишвар дар назди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбари Барнома ва сохторҳои марбута вазифагузорӣ намуд, ки дар баробари корҳои анҷомдода, бояд ба муайян сохтани сабабҳо ва заминаҳои асосии пайдошавии бемории сил диққати махсус равона намоянд, зеро решаи мушкилот маҳз ба ҳамин омил вобастагӣ дорад.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






