МУЖДАИ НАВРӮЗ МЕРАСАД! Бахшида ба ин ҷашн дар «Наврӯзгоҳ» -и Душанбе барномаи театрӣ баргузор мегардад

Февраль 27, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дар пойтахт  тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  корҳои омодагӣ  ба  таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз  оғоз  гардидаанд.

Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 21 март  бахшида ба Иди Наврӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ дар назар дошта шудааст. Ин базмҳои идона  дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  «Майдони 800-солагии Москва»-и  ноҳияи Шоҳмансур, Боғи ба номи  Мироненкои ноҳияи Сино ва Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и   ноҳияи Фирдавсӣ    доир мегарданд.

25 март  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Душанбе барномаи театрӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки  аз 21 то 25 март  дар  ҳамаи ҷашнгоҳҳои пойтахт намоиши ҳунарҳои мардумӣ  дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин 23 март дар КВД «Варзишгоҳи марказӣ»  мусобиқаи гӯштини миллӣ  ва 24 март  дар МД  «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе   пойга (аспдавонӣ)  доир мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ин рӯзҳо  дар пойтахти мамлакат бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ корҳои ободонию хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо  бо суръат  идома дошта,  дар  ин макон   ба миқдори зиёд дарахтони ороишиву сояафкан  ва гулҳо   шинонида  шуданд.

 

 

Февраль 27, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид