ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Имрӯз, 1 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва рӯзона фаромадани туман пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа сард ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






