ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Февраль 17, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 17 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона ва рӯзона 5-10 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, рӯзона фаромадани туман  пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 1 ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона 0-2 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 17, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе