«Рӯзҳои Япония» дар Душанбе ҷамъбаст гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17-18 феврали соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рӯзҳои Япония» намоиш ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Дар намоиш намояндагони сафоратҳо ва корпусҳои дипломатии муқими мамлакат, намояндагони соҳаи фарҳангу илм ва дӯстдорони санъату фарҳанги Япония иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока дар ифтитоҳи намоиш иброз дошт, ки маҳфили мазкур ду сол инҷониб баргузор мегардад ва аз дӯстию муносибати хуби Тоҷикистону Япония гувоҳӣ медиҳад.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баён дошт, ки Тоҷикистону Япония ду давлате мебошанд, ки бо ҳам умумияти зиёд доранд. «Новобаста ба тараққиёти техника ва технологияи ҳозиразамон ҳам Тоҷикистон ва ҳам Япония ба ҳифзи таъриху ёдгориҳои антиқӣ ва эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти махсус медиҳанд»,-гуфт Вазири фарҳанг.
Дар ҷараёни баргузории намоиши мазкур дар иҷрои овозхонони қувваи босираашон суст аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Россия барномаи консертии ҷолиб манзури бинандагон гардид.
Ҳамчунин дар барномаи «Рӯзҳои Япония» консерт ва иҷрои асбобҳои мусиқии японӣ, баргузории намоишҳои фарҳангии японӣ, аз ҷумла, санъати ҳарбии будо, хаттотӣ, маросими омода кардани чой, оригамӣ, бозичаҳои японӣ, либоси японӣ ва филми японии «Касе нест, ки маро нигоҳубин кунад» ҷой доштанд, ки писанди тамошобинон гардиданд.
Ин ҷо гузориши тасвирии суратгири АМИТ «Ховар» Мақсудҷон Муҳиддинҷонов аз ҷараёни ин намоиш пешниҳод мегардад.













Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






