Рустами Эмомалӣ барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ гурӯҳи таблиғотӣ ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор кардааст, ки дар пойтахт барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе гурӯҳи таблиғотӣ ташкил карда шавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи корӣ дар баробари моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароиро миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Рустами Эмомалӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор кардааст, ки барои ташкили вохӯриҳои гурӯҳи муштараки таблиғотӣ мусоидат намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд аз мустақилияти давлати мо чоряк аср сипарӣ шуда бошад ҳам, вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам фарҳанги шаҳрнишинӣ дар мардуми мо шакл нагирифтааст. Ҳоло ҳам мо бо бӯйи равған ҳамсояамонро азият медиҳем, бо доду фарёд оромии дигаронро дар ҷамъият халалдор месозем, бо овози баланд дар роҳ ба якдигар сухани қабеҳ мегӯем, аз худ калонро эҳтиром надорем ва ҳуқуқи мусофирро дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ зери по мекунем.
Кор то ба дараҷае расид, ки 15 феврали соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе аз ин масъала изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд: “Фарҳанги шаҳрдории мо беҳбудиро талаб карда, маданияти шаҳрнишинӣ дар бисёре аз маҳаллаҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна риоя намешавад ва муомилаву муоширати сокинони шаҳр на ҳамеша мутобиқи суннатҳои мардуми куҳанбунёду бостонии мост”.
Бисёр шармовар аст, ки касро барои тамиз кардани пушти дар, бо бӯйи хӯроку равған ҳамсояро озор надодан ва барои дар ҷомеа ором рафтор карданаш роҳ нишон диҳанд. Ҳол он ки ин масъала болотар аз фарҳанги шаҳрнишинӣ буда, маданияти инсонист. Пас, зарур аст, ки шуури инсонгарии ҷомеа ташаккул ёбад. Барои боло рафтани фарҳангу маданият шахс бояд завқ дошта бошад. Завқи инсон парвариш мехоҳад.
Ҷавононро, ки ояндагони миллатанд, мебояд маданияти шаҳрнишинӣ, инсонӣ ва завқи худро тарбият намоянд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






