Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Қирғизистон баланд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Қирғизистон хостори тавсеа ва таъмиқи ҳарчи бештари муносиботи худ бо Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо мебошад.
Сооронбой Жеенбеков ҳамчунин натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон ва дидору мулоқотҳояш бо мақомоти баландпояи Тоҷикистонро самарабахш ва муфид арзёбӣ намуда, натиҷаи онро барои миллат ва давлати худ муҳим хонд.
Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон изҳор намуд, ки имрӯз ҳамкории байни Тоҷикистону Қирғизистон ба робитаҳои самарабахш асос ёфтааст. Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва ноустувории вазъи байналмилалӣ масъалаи тақвият ва тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии ҷумҳуриҳо аз мавзӯъҳои муҳими ҳарду ҷониб ба шумор меравад.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки самти муҳими ҳамкории дуҷониба ин муносиботи байнипарлумонӣ мебошад.
Парлумони Тоҷикистон ҳамчунин ба рушду густариши ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. «Моро мебояд ҳамкории байнипарлумонии давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав барорем. Барои расидан ба ин ҳадаф дар Парлумони Тоҷикистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис дода шудааст, ки раисии онро вакили қирғизтабор Олимҷон Сафаров бар уҳда дорад»,-баён дошт Ш. Зуҳуров.










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






