Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки солҳои охир Осиёи Марказӣ платформаи муҳим барои муколамаи стратегӣ байни минтақаҳо гардида, муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба туфайли манфиатҳои муштарак ва эътимоди афзоянда ба таври назаррас рушд менамоянд. Харитаи роҳи таҳкими робитаҳо байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки ба тавсеаи шарикии судманди байниминтақавӣ дар арсаи сиёсию амниятӣ, дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикаву иқтисод ва робитаҳои байнимардумӣ равона шудааст, ифодаи амалии ин принсипҳо мебошад.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки аз дурнамои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ хушбин ҳастем. Таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия назаррас мебошад.
«Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълими босифати ҷавонон, инчунин тавсеаи дастрасии ҷавонон ба барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Erasmus+, Horizon Europe ва барномаҳои Мария Склодовская-Кюри ҳамкории моро дар ин самт ба таври назаррас тақвият мебахшад. Ҳамчунин мо ба ҳамкории наздиктар бо Фазои таълимии Аврупо (EEA), аз ҷумла дар соҳаи эътирофи мутақобили тахассусҳо ва дипломҳо, васеъ кардани имконият барои омӯзиши забонҳо ва рушди системаи таҳсилоти давомдор манфиатдорем. Амнияти Осиёи Марказӣ ва Аврупо бо ҳам зич алоқаманд аст. Дар доираи барномаҳои мушаххаси байниминтақавӣ барои пешгирии таҳдидҳо ва таъмини амнияти минтақавӣ давоми даҳсолаҳо мо дар доираи «Барномаи мусоидат ба идораи марзҳои Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ва «Барномаи пешгирии маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ» (CADAP) фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Дар баробари ин, зарур мешуморем, ки ҷузъи амалии ин барномаҳоро бо назардошти вазъи кунунӣ дар заминаи амнияти минтақавӣ тақвият диҳем, — афзуд Мавсума Муинӣ.
Изҳори умед карда шуд, ки қолаби ҳамкории байнипарлумонӣ дар татбиқи созишномаҳои дар доираи нахустин форум бадастомада нақши муҳим мебозад ва имкон медиҳад, ки сохтори шарикии байниминтақавӣ боз ҳам такмил ёбад ва ба манфиати мардумони мо хизмат кунад.
Форум дар се бахш, аз ҷумла «Вазъи кунунии муколамаи сиёсии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, нақши дипломатия парлумонӣ дар таҳкими эътимод ва рушди ҳамкории устувору шарикӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисодӣ, экологӣ, робитаҳои нақлиётӣ, тағирёбии «сабз»-и минтақа, волоияти қонун, нақши парлумонҳо дар таҳкими институтҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқи инсон ва ташаккули фазои рақамии бехатару идоракунии фарогир» идома ёфт. Дар кори он вакилони парламентҳои кишварҳои Аврупо, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, коршиносони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва ҷабҳаҳои гуногуни масъалаҳои бахшҳои форумро мавриди баррасӣ қарор дода, мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳои форум аз ҷониби иштирокчиён «Изҳороти муштараки нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо» қабул гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






