ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 5 феврал, душанбе, 36-умин рӯзи соли 2018 аст

Февраль 5, 2018 08:05

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

5 феврали соли 2015 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кард, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.

***

3 сол пеш, 5 феврали соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷиаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Бо изҳори тасаллият ба Шумо нисбат ба ин талафот таъкид бар он медорем, ки чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва тамоми ҷаҳон гаштааст, беш аз пеш афзун менамояд».

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.

 5 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Мексика – Рӯзи Конститутсия.

 

РӮЙДОДҲО:

5 феврали соли 2013 Вазири вақти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии вақти Бонки чаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив лоиҳаи дуюм «Оид ба таъмини  созмонҳои шуғли ҷамъиятӣ дар ҳадафҳои идоракунии устувори хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон» — ро ба имзо расониданд.

***

4 сол пеш, 5 феврали соли 2014 дар шаҳри Исфара гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои сарҳадиро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1850 дар ИМА арифмометр  ихтироъ карда шуд.

***

5 феврали соли 1991 пойтахти Қирғизистон аз Фрунзе ба Бишкек тағйири ном кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1919  дар Германия миёни шаҳрҳои Берлин ва  Веймар аввалин хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.

***

Соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих дар гузаргоҳ чароғаки роҳ насб карда шуд.

 

Февраль 5, 2018 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст