Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз “Маркази Назарбоев” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Март 14, 2018 23:53

ДУШАНБЕ, 14.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба “Маркази Назарбоев” ташриф оварданд.

Сарони давлатҳоро дар даромадгоҳи бино роҳбарияти ин маркази калони илмию маърифатӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмаа ҳамчун маркази муосири илмӣ, маърифатию фарҳангӣ соли 2014 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он омӯзиши нақш ва мақоми аввалин Президенти Қазоқистон дар таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, саҳми он дар муаррифии тарҳи роҳбарӣ баҳри бунёди давлатдории навин, ҳифз ва ба насли оянда мерос мондани анъанаву муқаддасот мебошад.

Фаъолияти Марказ ба панҷ самт равона гардида, аз бахшҳои фаъолияти китобдорӣ, бойгонӣ, осорхона, кори таҳлилӣ ва маърифатӣ иборат аст.

Таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин марказ бахши китобдорӣ бештар ҷалб кард, зеро дар он шумораи зиёди асарҳои нависандагони классику муосири ҷаҳон, қазоқу тоҷик, адабиёти соҳавӣ оид ба бахшҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои баналмилалӣ, амният, таърих ва фарҳангшиносӣ ҷамъ оварда шудааст.

Бахши осорхона аз нигораҳо ва ҳуҷҷатҳои давраи роҳбарии Нурсултон Назарбоев дар солҳои 1997-2004 дар бар мегирад.

Баъди китобхона мавқеи асосиро дар марказ бахши таҳлилӣ ишғол мекунад, ки дар он коршиносон ва худи роҳбари давлат ба таҳлилу омӯзиши мушкилоти мубрами ҷомеа машғул мешаванд.

Дар як гӯшаи дигари Марказ тамоми унвонҳо, ҷоизаҳои роҳбарони давлатҳои хориҷ, ки Нурсултон Назарбоев барои саҳми муносиб дар таҳкими дӯстии мардумони кишварҳо сарфароз гардидааст, ҷой дода шудааст.

Баъди тамошои “Маркази Назарбоев” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву ниятҳои нек баҳри шукуфоии кишвари дӯст ва саодату пешрафти халқи дӯсти қазоқ, соядаст гузоштанд.

Боздид аз “Маркази Назарбоев” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 14.03.2018

Март 14, 2018 23:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд