Дар Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, маориф ва илм, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.
Инчунин дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зикр гардид, ки бо талошҳои тарафайн корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус оид ба ҷамъу васли тракторҳои МТЗ ва дигар олоти кишоварзӣ бунёд гардид. Ба гуфтаи масъулин, бунёди чунин корхона имкон медиҳад, ки дар оянда истеҳсоли тракторҳо ба роҳ монда, бозори дохилӣ бо тракторҳои хушсифат таъмин карда шавад.
Ташкили корхонаи коркарди истеҳсоли гӯшту шир ва хӯрокии чорво яке аз масъалаи муҳими ҷаласа буда, ба андешаи тарафайн, ин ҳамкорӣ дар оянда заминаи хуб фароҳам меорад.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова иброз дошт, ки ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус хуб дастгирӣ меёбад. Ҳоло ҳамкории байни палатаҳо, ки дар асоси созишнома роҳандозӣ мегардад, дар сатҳи баланд қарор дорад.
«Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола намоишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон баргузор мегардад. Соли 2017 чунин намоишгоҳ доир гардид, ки дар доираи он якумин ҳамоиши доираҳои соҳибкорони се давлат: ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон доир гардид. Пас аз баргузор гардидани чунин ҳамоиш чандин созишномаҳои бахши хусусӣ байни се давлат ба имзо расиданд. Дар назар аст, ки соли равон намоишгоҳи байналмилалии молҳои Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардад. Мо омодаем, ки дар ин ҷода кумаки худро расонем, зеро ин амал барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи мубодилаи молу маҳсулоти ду давлат таъсири худро мерасонад»,- гуфт Манзура Рустамова.








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид






