Дар Тоҷикистон Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ доир мегарданд

Март 15, 2018 10:33

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор менамояд. Дар шаҳри Душанбе ин мусобиқот аз гардиши Товус то Наврӯзгоҳ (ба масофаи 3,5 км) аз соати 7:00 то 11:00 сурат мегиранд. Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  мусобиқоти мазкур баҳри оммавияти варзиш ва солимгардонии ҷомеа ҳамчун муждаи неку хуҷастаи ҷашни Наврӯз гузаронида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушду оммавияти он давоми моҳи март ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай як силсила барномаҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва мусобиқаҳои варзишии дигарро низ ба нақша гирифтааст.

Хоҳишмандону дӯстдорони ин намудҳои варзиш метавонанд дар онҳо озодона иштирок намоянд.

 

Март 15, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад