Дар ноҳияи Ҳамадонӣ коргоҳи истеҳсоли адрас фаъол гардид

Март 2, 2018 15:29

ДУШАНБЕ, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ободони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ коргоҳи истеҳсоли матои адрас ба фаъолият пардохт. Тавре сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин ноҳия Саидакобир Бодомов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин коргоҳ  занону духтарони деҳа ба курси семоҳаи омӯзиши ҳунари адрасбофӣ ҷалб карда шудаанд. Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми курси кӯтоҳмуддат ба хотири пешрафти фаъолияти коргоҳ духтарону занон ба кори доимӣ фаро гирифта мешаванд. Бояд гуфт, ки занону духтарони ба курси кӯтоҳмуддат ҷалбшуда идрорпулӣ мегиранд ва ба омӯзгорони онҳо маоши иловагӣ дода мешавад.

Ба иттилои Саидакобир Бодомов, дар муддати кӯтоҳ дар ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон, Чӯбек ва Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мағозаҳои фурӯши маҳсулоти коргоҳи адрасбофӣ кушода шуданд. Дар ноҳия талабот ба матои адрас хеле зиёд буда, масъулин талош доранд истеҳсоли ин матои зебои ватаниро боз ҳам афзунтар гардонанд.

Ёдовар мешавем, ки адрас матои бофтаи тораш абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, намудҳои зиёд дорад. Адрас матои пурнақшу нигорест, ки онро подшоҳӣ низ мегӯянд. Адрасро аз абрешими дуруштранг мебофанд. Пуди адрас аз 3 ресмони борики сафед ё рангин иборат буда, андозаи бари он гуногун аст.

Бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон ин соҳа рӯз аз рӯз дар мамлакат рушд меёбад. Либоси аз адрас дӯхташуда ба мисли атлас ва чакан зеби бонувони тоҷик аст.

 

Март 2, 2018 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ