Дар шаҳри Душанбе Намоиши баҳории ҳунармандӣ баргузор мешавад

Март 3, 2018 10:45

ДУШАНБЕ, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 3-4  марти соли 2018 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Намоиши баҳории ҳунармандӣ  баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон хабар доданд.

Намоиши мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда,  дар он маҳсули дасти ҳунармандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон,  ба монанди   сумкаҳо ва ҳамёнҳои дастӣ,  ҷавоҳирот ва ороишоти аз нуқра ва чарм тайёркардашуда,  маҷмӯи баҳории либосҳои миллӣ, ашёи ороишӣ, бозичаҳои бофташуда ва намадӣ  ба намоиш гузошта мешаванд.

Намоиши баҳории ҳунармандӣ тайи ду рӯз аз соати 9:00 то 17:00 идома меёбад.

 

Март 3, 2018 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ