ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МО БОЯД БАРОИ ХАЛҚҲОЯМОН ФАЗОИ ДӮСТИВУ САМИМИЯТ ВА ҲАМДИГАРФАҲМИВУ ҲАМКОРИРО ЧУН ДАР ЗАМОНИ МАВЛОНО ҶОМӢ ВА АЛИШЕР НАВОӢ ФАРОҲАМ ОРЕМ»
ДУШАНБЕ, 10.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар «Шоми дӯстӣ», ки 9 март дар Кохи Борбад ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ҳозирин бо қарсакҳои бардавом пазируфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин суханронӣ, аз ҷумла, зикр карданд, ки «тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошанд. Ба қавли устод Айнӣ, «Ҷомию Навоӣ дар атрофи масъалаҳои асосии замон баробар фикр карда, дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо бо маслиҳату дастгирии якдигар баробар мубориза мебурданд ва неруҳои пешсафи ҷомеаро барои иштирок дар ин мубориза даъват менамуданд. Чунин ҳамбастагӣ ба фаъолияти эҷодию илмӣ ва ҷамъиятии онҳо, аз ҷумла, ба фаъолияти сиёсии Навоӣ таъсири бузург дошт».
Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти гуфтаҳои мазкур ҳамчунин таъкид намуданд, ки мо бояд барои халқҳоямон фазои дӯстиву самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкориро, тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, фароҳам орем.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз доштанд, ки ҷомеаи тоҷик ташаббуси шахсии Шавкат Мирзиёевро оид ба таъмиру таҷдиди осорхонаи Садриддин Айнӣ ва ёдгории Ҷомию Навоӣ дар шаҳри қадимии Самарқанд ҳамчун иқдоми нек арзёбӣ мекунад. Дар навбати худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе боғи ба номи Алишер Навоӣ ташкил карда, дар он ёдгории Ҷомӣ ва Навоиро гузорад.
Пешвои миллат ҳамчунин доир ба фарҳанги муштарак доштани ду халқи ба ҳам дӯсту ҳамсоя изҳори андеша карда, зикр намуданд, ки «мо ба «Шашмақом» ҳаёти дубора бахшидем ва бо қарори ЮНЕСКО ин намуди санъати аҷдодони мо мероси маънавию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек эълон гардид. Устодони бузурги мақом Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Бобоқул Файзуллоев ва Фазлиддин Шаҳобов дар тарбияи садҳо нафар ходимони санъати халқҳои мо нақши муҳим бозиданд».








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






