ФУТБОЛ: «Истиқлол» бори ҳафтум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 03.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор гардид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, талоши бозингарони «Хуҷанд» дар қисми аввали дидор самараи дилхоҳ ба бор овард. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 17-уми бозӣ Фирдавс Чақалов ҳисоби дидорро боз намуд. Дере нагузашта, лигионери африқоии дастаи «Хуҷанд» Агблей Ҷонс голи дуюмро таслими дарвозаи Никола Стошич намуда, тимашро бартарӣ дод. Аммо баъд аз сар додани ду гол ҳам шогирдони Муҳсин Муҳаммадев дилсард нашуда, муборизаро барои пирӯзӣ идома доданд. Дар дақиқаҳои иловагии қисми аввали дидор бозингари дастаи «Хуҷанд», Фирдавс Чақалов ғайричашмдошт тӯбро ба дарвозаи тими худ ворид сохт. Дар нимаи дуюми дидор бозигарони «Истиқлол» бештар ташаббусро ба даст гирифтанд ва зуд зуд ҳамалаҳо созмон доданд, ки дар як ҳолат ҳамлагари ҷадиди дастаи футболи «Истиқлол» Миколай Зенко бо зарбаи сар голи ҷаҳоруми ин дидорро ба ҳадаф расониду таносубро баробар сохт. Бо ҳисоби 2:2 вақти асосии бозӣ ба поён расид. Баъд аз ин довари марказ ду қисми иловагӣ таъйин кард. Аз ин имконият бозингарони «Истиқлол» беҳтару хубтар истифода намуда, голи тақдирсози ин дидорро ба ҳадаф расониданд. Нозим Бобоҷонов муаллифи ин голи ғалабаовар гардид.
Ҳамин тариқ дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи 7-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.








Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард






