«ГУЗАРГОҲИ ҲУНАРМАНДОН». Дар Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тӯли ду рӯз дар нигористони Маркази савдои «Душанбе-мол» барномаи фарҳангии намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Гузаргоҳи ҳунармандон» барпо гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Фонди байналмилалии ҳунармандон «Ҳафт пайкар», кумитаҳои рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Маркази савдои «Душанбе-мол» гузаронида шуд.
Дар намоиш раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода иброз дошт, ки ташаббусу дастгирӣ ва иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 агар аз як тараф ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум, махсусан сатҳи зиндагии занону бонувон, ҳунармандони мардумӣ таъсири мусбат расонад, аз тарафи дигар, дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси зебоипарастию ҳувияти баланди ватандорӣ мусоидат менамояд.
Зикр шуд, ки дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо мактаби ҳунармандон ва корхонаю коргоҳҳои ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил ва таҳти раҳнамоии ҳунармандони боистеъдод ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин бе муболиға, ба болоравии сатҳи иҷтимоии оилаҳо мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки намоиш бо фарогирии ҳунармандони моҳир, дорандагони ҷоизаи Юнеско, гирандагони гранти президентӣ аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бо пешниҳоди ҳунари волои заргарӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, рассомӣ ва тамоми намуди ҳунарҳои дастӣ ба тамошобинони пойтахт пешниҳод гардид.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






