Хурсандой Ҳотамова: «Ба шарофати касби модариям сатҳи зиндагии ману фарзандонам хеле хуб шуд…»
РӮДАКӢ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Аз баракати касби модариям ба се писарам мошини сабукрав харида додам ва барои писари калониам хонаи истиқоматӣ сохта истодаем, — иброз дошт яке аз занони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ Хурсандой ҲОТАМОВА ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД ва илова намуд: Ман хеле миннатдорам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадри ҳунармандон мерасанд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 ва аз андоз озод намудани ҳунарҳои мардумӣ гувоҳи он аст, ки Сарвари давлати тоҷикон пайваста дар фикри ободии рӯзгори ҳунармандони мардумиянд”.
«Баҳори соли 1997, замоне, ки фарзанди шашумам 38-рӯза буд, шавҳарам аз дунё гузашт. Ҳамроҳи модари пирам бо шаш фарзанди ноболиғ аз надоштани хӯрокӣ ва гуруснагӣ азоб мекашидему кӯдаконам мегиристанду нон мегуфтанд. Намедонистам чӣ кор кунам. Вазъият бадтар шуд, кӯдаки 38-рӯзаам аз гуруснагӣ гиряро бас намекард. Намедонистам, ки куҷо раваму нон пайдо кунам. Дар ҳамин вақт раҳматии модарам гуфт, ки духтарам, биё як ҳунарро ба ту ёд диҳам, шояд сабаби ёфтани ризқу рӯзиямон гардад. Ман, ки бисёр андӯҳгин будам, маслиҳати модарро қабул накардам ва дар фикри ёфтани нон будам. Модарам дигар ба ман аҳамият надода, ҳамроҳи писарам, ки дар синфи ҳафт мехонд, як намадро гирифта, пора карда, ба дӯхтан шурӯъ намуданд. То нисфирӯзӣ ду ҷуфт болопӯши асп тайёр намуда, ба роҳи гӯсфандгузар бурданд. Хушбахтона, ҷиҳози тайёркардаро даҳмардаҳо хариданд. Бо ин маблағ модарам аз бозор 10 км гандум ва каме пиёзу картошка харида оварданд, ки он ману фарзандонамро се рӯз аз гуруснагӣ раҳонид. Баъди ин ба хулосае омадам, ки доштани чунин ҳунар оилаи маро аз гуруснагӣ наҷот дода, моро миёни мардум маъруфу шарафманд мегардонад», — гуфт зимни суҳбат Хурсандой Ҳотамова.
Ин зани меҳнатқарин мегӯяд, ки бо касбу меҳнати ҳалол 6 фарзандашро калон намуда, оиладор намуд. Ӯ ба келинҳояш низ касби аз модар меросмондаро ёд дод. Имрӯз онҳо ба таври оилавӣ ба дӯхтани болопӯшҳои замонавии асп машғуланд.
Хурсандой Ҳотамова шукрона мекунад, ки бо шарофати заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ сулҳу осоиштагӣ барқарор шуд. Имрӯз ҳунармандон метавонанд маҳсули дастони худро озодона ба фурӯш гузошта, зиндагии хешро обод кунанд.
Натиҷаи сулҳу субот ва зиндагии осоишта аст, ки муштариён ва соҳибкорони хурд ба ин ҳунарманд бо миқдори зиёд болопӯши асп фармоиш медиҳанд. Ба ин восита ҳунари апаи Хурсандой дар сатҳи ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.
«Ба шарофати касби модариям сатҳи зиндагии ману фарзандонам хеле хуб шуд. Ба се писарам мошини сабукрав харида додам ва барои писари калониам хонаи истиқоматӣ сохта истодаем. Ман хеле миннатдорам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадри ҳунармандон мерасанд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 ва аз андоз озод намудани ҳунарҳои мардумӣ гувоҳи он аст, ки Сарвари давлати тоҷикон пайваста дар фикри ободии рӯзгори ҳунармандони мардумиянд. Ин сол як маротибаи дигар заҳмати мо, ҳунармандонро ба мардуми Тоҷикистону ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Бигузор ҳамеша Пешвои миллат болои сари мо бошанду миллати тоҷик пароканда нагардад ва сулҳу субот дар ҷумҳуриамон пойдор бимонад»,-мегӯяд Хурсандой Ҳотамова.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






