Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 12 масъаларо баррасӣ намуд

Март 15, 2018 21:00

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ «Оид ба ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи маориф ва беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» гузориш дод.

Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳои марбутаро ба татбиқи пурраи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маориф ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати  барномаҳои соҳа ҷалб намуда, аз ҷой доштани ҳолатҳои ба дарс ҳозир нашудани хонандагон, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни хонандагон ва ҳолатҳои бетарафӣ зоҳир намудани омӯзгорон нисбат ба масъалаи пешгирии фарҳанги бегона аз ҷониби хонандагон ва худи омӯзгорон изҳори нигаронӣ кард. Раиси шаҳр дар ин робита масъулини Сарраёсати маориф, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари шаҳрро дар самти тақвияти корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва бартараф кардани нуқсону камбудиҳои мавҷуда муваззаф намуд.

Сипас ҳисоботи раисони комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ,  меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаву кӯчаҳо, майдону хиёбонҳо, боғу пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе, ҳамчунин гузориши комиссияҳои доимӣ оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия ва назорати риояи Дастур вобаста ба фаъолияти кори комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати такмили кори онҳо шунида шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами шаҳрдориро дар маҷлисҳои комиссияҳо зарур шуморида, аз вакилони халқ талаб намуд, ки татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии амалкунандаи  мамлакатро дар фаъолияти худ таъмин намоянд.

Дар ин робита Раиси шаҳр ба масъулини комиссияҳои доимӣ дастур дод, ки баҳри ғанигардонии бозори истеъмолии сокинон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъмини хизматрасонии босифат, ҳифзи муҳити зист ва таъмини иҷрои қонунгузорӣ доир ба замин, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави пойтахт, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва ниҳолшинониву сабзазоркунӣ, тарғиби маданияти шаҳрнишинӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳои муҳими шаҳр тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд.

Пас аз шунидани ҳисобот ва таклифу пешниҳодҳои вакилон  комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз нав таъсис дода шуданд.

Дар иҷлосия  зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 ва бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  Боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ карда  шавад. Масъулин ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар боғи мазкур гузоштани пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазифадор гардиданд, ки оид ба таҳияи лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар   бораи эълони озмуни муҷассамаҳои беҳтарин мутафаккирон» чораҷӯӣ намоянд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номи кӯчаи «Ташкентская»-и ноҳияи Исмоили Сомониро ба номи «Тошканд», кӯчаи «Варзобская»-ро ба номи «Варзоб», кӯчаи «Варзоб ГЭС-и боло»-ро ба номи «Шаббода»,  кӯчаи «Московская»-и ноҳияи Фирдавсиро ба номи «Москва», кӯчаи «Тунис»-и ноҳияи Синоро ба номи «Хоразмӣ» иваз кард.

Бо қарори дахлдор, иҷлосия ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодулло, Сафиялоев Субҳон Ғиёсович ва Давлатов Шоҳрух Рустамовичро аз ҳавзаҳои интихоботии №15, №20 ва №53 пеш аз муҳлат қатъ намуда,  интихоботи вакилонро   дар ҳавзаҳои номбурда  6 майи соли 2018 таъйин кард ва дар ин робита Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои мазкур таъсис дода шуд.

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт иҷрои бечунучарои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ва бартараф кардани камбудиву нуқсонҳои мавҷударо талаб намуда, супориш дод, ки бо инобати он, ки соли равон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст,   дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилаливу минтақавӣ баргузор мегарданд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.

Бо ҳамин иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум кори худро анҷом дод.

Март 15, 2018 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон 20 март дар пойтахти Тоҷикистон Форуми IV байналмилалӣ баргузор мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид