Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Март 28, 2018 14:51

ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Боғчаи бачагонаи “Наврӯз”-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, дар муддати хеле кӯтоҳ аз ҷониби пудратчиён ҶСП «АСТ-Сохтмон» ва ҶДММ “ПМК-278” бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи кӯдакона ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз арзёбӣ карданд.

Бинои замонавии Боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар шаҳри Панҷакент бо маблағи умумии беш аз 9 миллион сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамарӯза 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ акнун наздик ба 50 нафар сокини шаҳри Панҷакент имкон пайдо карданд, ки дар шароити хубу замонавӣ ба тарбияи кӯдакони то 7-сола машғул шаванд.

Бояд гуфт, ки Боғчаи бачагонаи «Наврӯз» аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми асбобу анҷоми хониш барои машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Боғчаи бачагонаи “Наврӯз” аз 7 айвонча, 7 ҳуҷраи хоб, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар ин ҷо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои муаззами миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷомеаи навини тоҷикон бошанд.

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи “Наврӯз” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент 28.03.2018

Март 28, 2018 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд