Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» дар шаҳри Душанбе

Март 19, 2018 18:05

ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Ҷавонон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.

Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд.

Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтааст.

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.

Ин иқдоми ватандӯстона нишонаи эҳтиром ва самимияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр кардани кулли ҷавонони кишвар амалӣ гардид.

Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла бинои маъмурӣ, «Картодром», қаҳвахонаҳои «Азия», «Австралия», обанборҳо ва айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра таъмир гардидааст.

Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиши даромадгоҳи боғ бо сутунпояҳои бошукӯҳу ороиши гулҳои мавсимӣ бунёд шудааст, ки таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозад.

Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани фароғати хуби ҷавонон дар баробари қаҳвахонаҳои бошукӯҳи хос, майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол ва дар гӯшаи дигари боғ барои машқу тамрини сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва наврасони пойтахт шароит муҳаё карда шудааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 130 ҳазору 170 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 116 нишастгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва сайру сайёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо шароити фароғату дилхушии кӯдакони хуштолеи замони истиқлол дар боғ шинос шуданд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 553 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногун дастур доданд.

Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Дар ҳудуди боғ ҳамчунин 13 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.

Акнун Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфт.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" дар шаҳри Душанбе 19.03.2018

Март 19, 2018 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон