Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

Март 28, 2018 19:55

ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки наврӯзи имсола аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, ки маҳз дар рӯзҳои фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз гардид. Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои мардуми Панҷакент ёдовар шуда, ҳамаи онро аз баракати ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд.

Изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ мардуми шаҳри Панҷакент бо кору пайкори созанда барои шукуфоии диёри хеш ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи олам ҷаҳду талош меварзанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни базми наврӯзро бо ҷашни бошукуҳи баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфтанд.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷакент ва бо барномаи театрикунонидашудаи тараннумгари фарҳанги наврӯзӣ аҷам хеле бошукуҳ ва хотирмон баргузор гардид.

Иштирок дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент 28.03.2018

Март 28, 2018 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд