Мулоқоти навбатии аъзои Гурӯҳи «Дӯстони об» дар Ню-Йорк

Март 6, 2018 13:59

ДУШАНБЕ, 06.03.2018./АМИТ «Ховар»/. 5 марти соли 2018 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри  Ню-Йорк (ИМА) таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов мулоқоти навбатии аъзои Гурӯҳи “Дӯстони об” баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки  зимни мулоқот дар баробари аъзои гурӯҳи мазкур ҳамчунин Раиси Дастгоҳи Президенти Маҷмаи Умумии СММ Ф. Рузичка, намояндаи махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об Ҷ. Кунҷул ва  дигарон  маърӯза намуданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов роҷеъ ба масъалаҳои амалисозии ташаббуси нави Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва раванди омодагӣ ба чорабиниҳои дарпешистодаи марбута, аз ҷумла чорабинии махсус оид ба оғози Даҳсола (22 марти 2018, Ню-Йорк) ва Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи болозикр (20-22 июни 2018, Душанбе) маълумоти муфассал пешкаш намуд.

Дар рафти вохӯрӣ инчунин маърӯзаҳои Ф. Рузичка оид ба омодагӣ ба чорабинии муштараки Тоҷикистон ва Дафтари Президенти МУ СММ – Оғози расмии Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, Ҷ. Кунҷул оид ба фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба масоили об ва дигар аъзоёни Гурӯҳи Дӯстони Об, аз ҷумла намояндагони ИМА, Россия, Канада, Финляндия, Қатар ва соири дигар давлатҳо оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонии об шунида шуданд.

Март 6, 2018 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид