ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад

Март 16, 2018 08:05

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона дар водиҳо боридани борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 16 март дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда шуда, шабона бориши борону барф ва рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 2-7 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона боридани борон ва  рӯзона фаромадани туман дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, рӯзона туман мефарояд. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона 2-4 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

Март 16, 2018 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад